ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?
     TJ RU EN
04:08 / 2024-12-20

ШАФФОФИЯТ ЗЕРИ СУОЛ АСТ?

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои июл, август ва сентябри соли ҷорӣ ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад.

Санаи 1 июли соли ҷорӣ аз ҷониби журналисти мустақил Ҷамшеди Маъруф ба Прокуратураи ҳарбӣ дархости журналистӣ дар мавриди иҳотакунӣ (облава)-и  ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, миқдори арзу шикоят ва омори муроҷиати шаҳрвандон дар 5 соли охир равон карда шуд. Санаи 13 июл ниҳоди мазкур ба дархости Ҷамшеди Маъруф посух дод, вале ба саволҳои мушаххаси додашуда ҷавоби аниқ пешниҳод накард. Бояд ёдовар шуд, ки дархости мазкур бори аввал санаи 15 июни соли ҷорӣ пешниҳод шуда буд, аммо Прокуратураи ҳарбӣ танҳо баъди дархости такрорӣ посух дод.

АМВАОМТ рӯзи 9 июл аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани маълумот дар бораи теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки аз аввали соли 2020 то инҷониб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанду аз сабаби баста шудани сарҳадҳо ба кишварҳои худ баргашта натавонистаанд, иттилоъ дархост намуд. Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми 3 рӯзи корӣ ба дархости АМВАОМТ посух дод.

27 июли соли ҷорӣ аз Вазорати молия маълумот дар мавриди кӯмакҳои башардӯстонае, ки барои пешгирии COVID-19 аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд, иттилоот дархост карда шуд. Вазорати молия дар ҷавоб ба суолҳои АМВАОМТ санаи 4 август гуфт, кӯмаки моддӣ барои чорабиниҳои бемории  COVID-19 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ гардида, ҳисоботи миқдор шакл ва тақсимоти он дар вазорати мазкур мебошад. Дар мавриди муфассал нишон додани кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва миқдори маблағҳои воридшуда вазорати мазкур худдорӣ намуд.

Чун вазорати молия дар ҷавоб ба дархости АМВАОМТ дар мавриди кӯмакҳои башардӯстона гуфт, кӯмаки моддӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад, 10 августи соли ҷорӣ ба ниҳоди мазкур муроҷиат намудем, 28 август вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дархости мо посух дод.

Дархости журналистӣ айнан бо ҳамин мазмун санаи 10 август ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шуд, аммо вазорати мазкур ҳам қисман ба ин савол ҷавоб пешниҳод намуд.

Соли 2016 Ҳукумати кишвар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 тасдиқ намуд. Чун имсол ҳамчун соли ҷамъбастӣ ва хулосагирӣ аз натиҷаҳои татбиқи стратегияи мазкур аст, барои истифода ва интишор дар матбуот санаи 24 август ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намудем. Бо гузашти зиёда аз як моҳ Прокуратураи генералӣ ҳанӯз ҳам ба дархости АМВАОМТ посух надодааст.

Дар бораи маблағгузории Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 санаи 24 августи соли ҷорӣ ба Вазорати молия муроҷиат намудем. Вазорати молия дар  посух ба дархости мо гуфт, дар робита ба маблағгузории  Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ иттилоъ медиҳем, ки аз ҷониби созмонҳои мазкур барои иҷрои бандҳои алоҳидаи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия тавассути вазорати молия мустақиман маблағгузорӣ нагардидааст.

Аз ҷониби журналистони мустақил ва намояндагии АМВАОМТ дар вилояти Суғд низ дар се моҳи сипаригардида (июл, август, сентябр) ба як қатор ниҳодҳои давлатӣ барои дастрас намудани иттилоот барои истифода ва интишор дар матбуот дархостҳои журналистӣ ирсол карда шуданд. Ба гуфтаи рӯзноманигорон ниҳодҳои гуногун дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба баъзе дархостҳои зарурӣ бо зикри он, ки маълумотҳоро бояд аз вазоратҳо ва ниҳодҳои болоӣ дастрас кунем, аз пешниҳоди маълумотҳои зарурӣ худдорӣ мекунанд.

Аз ҷониби журналисти мустақил Ҷамшеди Маъруф санаи 23 сентябр ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон, намояндаи Юнисеф дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва намояндаи доимии Сандуқи байналмиллалии пул дар Тоҷикистон дар мавриди кӯмакҳои башардӯстонае, ки аз ҷониби ин созмонҳо барои мубориза бо COVID-19 ба кишвар ворид шудааст,  дархост ирсол карда шудаанд. То имрӯз танҳо намонядаи Юнисеф дар Тоҷикистон ба дархости Ҷамшеди Маъруф посух додааст, дигар созмонҳо то ҳол ҷавоби худро ирсол накардаанд.

Хулоса, нисбат ба се моҳи қаблӣ аксари  ниҳодҳо ба дархостҳои журналистӣ дар муддати кӯтоҳ посух медиҳанд, аммо то ҳол посухи онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест, яъне ба дархостҳо, ҷавобҳои муфассал пешниҳод карда намешавад. Аз ин рӯ сифат беҳбудӣ металабад.

Дар се моҳи зикргардида аз ҷониби АМВАОМТ ва журналистони мустақил ба ниҳодҳои давлатӣ 19 дархости журналистӣ ирсол карда шуда, 5 дархост то ҳол беҷавоб боқӣ мондааст.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ   


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима