Озмуни ҲАТ барои журналистон
     TJ RU EN
05:34 / 2024-12-20

Озмуни ҲАТ барои журналистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақомои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон кардааст, ки дар он тамоми журналистон ва кормандони ВАО ширкат кардан метавонанд.

Озмун аз  6 ҷои ифтихорӣ иборат буда, барои ҳар як ҷой мукофот пулӣ пешбинӣ гардидааст:

— Як ҷои 1, маблағи мукофот 3000 сомонӣ

— Ду ҷои 2, маблағи мукофот 2000 сомонӣ

— Се ҷои 3, маблағи мукофот 1000 сомонӣ

Мавод бояд дар ҳафтанома, журнал, сомона ва ё расонаи дохилӣ ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон иҷозаи кор доранд, бо нишон додани «Барои озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон» нашр шавад.

Муаллифон баъди нашри мавод шакли pdf ва ё суроғаи сомонае ки мавод дар онҷо нашр шудааст, ба почтаи электронии   Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ё ба суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдакӣ 21а Академияи кишоварзии Тоҷикистон  ирсол намоянд.

Рӯихати мавзуҳое, ки барои навиштани мақола пешниҳод мешавад:

— ба роҳ мондани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси шартнома (алтернативӣ), дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ;

— кам кардани шумораи санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани иҷозати ягона барои фаъолияти соҳибкорӣ;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои қонунӣ кардани (легализатсияи) иқтисодиёти пинҳонӣ ва рақобати солим байни сохибкорон;

— вобаста ба таҷдиди соҳа ва талаботи имрӯза бозбинӣ кардани фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ва ба вазорат табдил додани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;

— беҳтар кардани хизматрасонии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъминот бо тухмии хушсифат, чорвои зотии сермаҳсул, нуриҳои минералӣ, техникаю технологияҳои муосир;

— тақвият додани иқтидорҳои миллии муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла пандемияи COVID-19;

— ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, бахусус дар Федератсияи Россия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии онҳо тавассути марказҳои махсуси машваратӣ, таълимӣ ва касбомӯзӣ;

— 50% кам кардани маблағи шартномаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои оилаҳои ниёзманд, бепул кардани таҳсил барои донишҷӯёни болаёқат;

— рушди низоми тарбияи томактабӣ, маблағгузории давлатии будубоши кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар муассисаҳои томактабӣ

— дастгирии давлатии оила, хусусан оилаҳои ниёзманд, фароҳам овардани муҳити солим ва шароити мусоид барои таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон.

— тарғиби анъана ва расму оинҳои суннатӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, зиндагии дӯстонаи ҳамаи миллату халқиятҳои кишвар;

— пос доштан ва ҳифз кардани мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ;

— дастгирии давлатии таълим, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии ҷавонон ва мутахассисони болаёқат дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар;

— беҳтар кардани шароити истироҳат, варзиш ва фароғати ҷавонон.

Муҳлати қабули маводҳо то 1-уми октябри соли 2020 аст. Ғолибон аз ҷониби ҳакамон дар ҷашни 15-солагии таъсисёбии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки 3-юми октябр баргузор мегардад, муайян ва қадрдонӣ мегарданд.

https://faraj.tj/habari-ruz/ozmuni-at-baroi-zhurnaliston/


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима