Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” боз мешавад
     TJ RU EN
11:20 / 2024-12-20

Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” боз мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” корҳоро оғоз кунанд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 28 август дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи телевизионии нав, инчунин шумори воҳиди кории он қарор ба имзо расонид. Дар шабакаи нави телевизион 87 воҳиди корӣ ва ҳайати хизматрасонии техникӣ таъсис дода мешавад.

Кумитаи телевизиону радио ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ уҳдадор шуданд, ки дар муддати шаш моҳ масоили марбут ба таъмини шабака бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти заруриро ҳаллу фасл намоянд.

Маблағгузорӣ ба шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсуси худи муассиса амалӣ мешавад.

Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ барои пардохти хароҷот (музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 87 воҳиди кориро пешбинӣ намояд.

Дар оинномаи шабакаи телевизиони нав гуфта мешавад, шабакаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ 24 соат дар як шабонарӯз барнома пахш мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи телевизиону радио, айни замон дар Тоҷикистон 13 шабакаи телевизиони давлатӣ ва 35 шабакаи телевизиони хусусӣ (12 ноқилӣ ва 2 ТВ IP) фаъолият мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон таъсиси боз як шабакаи нави давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назар аст.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200904/dar-toikiston-shabakai-navi-televizionii-ilm-va-tabiat-boz-meshavad


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима