Дастрасӣ ба ҳамаи низомҳои ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон қатъ шуд
     TJ RU EN
09:41 / 2024-12-20

Дастрасӣ ба ҳамаи низомҳои ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон қатъ шуд

Тайи ним соли охир дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон давра ба давра қатъ мешаванд. Айни замон дастрасӣ натанҳо ба сомонаҳои хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ба низомҳои ҷаҳонии ҷустуҷӯи Google ва Yandex низ ғайриимкон аст.

Дастнорас будани Google ва Yandex дар Тоҷикистон

Сабаб:

Бори нахуст низомҳои ҷустуҷӯ, саҳеҳтараш Google ду ҳафта пеш дастнорас шуд. Он замон Хадамоти алоқа инро чунин шарҳ дода буд:

“Мо ин сервисҳоро намебандем, онҳо аз хориҷи кишвар баста мешаванд, бо сабабҳои техникӣ дар берун аз Тоҷикистон онҳо дастнорасанд. Гурӯҳи мутахассисон ин масъаларо меомӯзанд”, — гуфта буд муовини сардори Хадамот Илҳом Атоев.

Қатъи дастрасии ин дафъаро онҳо ҳатто шарҳ намедиҳанд.

Ба ақидаи мушоҳидакорон, эҳтимол меравад басташавии сомонаҳо ба ошӯби маҳбусон дар зиндони Ваҳдат рӯзи 19 май, ки дар ҷараёни он 29 нафар маҳкумшудагон кушта шуданд, рабт дошта бошад.

Дастрасӣ ба ҳамаи хизматгузориҳои Google — Google translate, Play Market, Google Webstore дар ҷумҳурӣ қатъ шудааст

Сабаб:

Боз ҳам посухи расмӣ нест. Ширкатҳои мобилӣ мухтасар чунин мегӯянд: қатъи дастрасӣ бо сабабҳои ба онҳо новобаста сурат мегирад.

Чаро ин тавр аст? Чунки хати магистралии (шоҳроҳии) интернет тариқи Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад, ки аз ҷониби Хадамоти алоқа назорат мешавад.

Акнун Хадамот бе пурсиши ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ карда метавонад.

Коршиносон мегӯянд, ҳамаи хизматгузориҳои Google дар як суроғаи IP қарор доранд. Бо қатъи дастрасӣ ба як захира, дастрасӣ ба ҳамаи хизматрасониҳои ширкат ба таври автоматӣ маҳдуд мешавад.

Тӯли ним соли охир сомонаи агентии итттилоотии «Asia-plus» — news.tj дастнорас боқӣ мемонад. Ҳукумат дигар захираҳо — zen.yandex.rutelegra.ph-ро, ки баъдан хабарҳои агентӣ дар он гузошта мешуданд, низ баст.

Сабаб:

Сабаби дастнорас будани сомонаи news.tj номаълум аст. Ба дархости гурӯҳи расонаҳои «Asia-Plus» операторони мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет мегӯянд, сомона аз ҷониби онҳо баста намешавад.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар посухи расмии худ иттилоъ дод, ки “аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ дастрасӣ ба ин сомона қатъ нашудааст”.

“Азия-Плюс” ба дархости худ оид ба расидагӣ ба масъалаи мазкур аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ низ посух нагирифт.

Бино ба гуфтаи коршиносони соҳа, ба ҷуз Хадамоти алоқа, аз чанде қабл баъзе сохторҳои қудратӣ низ ба қатъи дастраси ба захираҳои интернетӣ имкон пайдо кардаанд.

Аз чанде пеш дар кишвар дастрасӣ ба сомонаи иттилоотии дигар — Ozodi.org низ ғайриимкон мебошад.

Аз 20 май сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram, OK, Youtube баста шудааст

Сабаб:

Шарҳи расмӣ вуҷуд надорад. Мантиқи ин басташавиҳоро фаҳмидан мушкил аст, ин метавонад ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фавқулода дар кишвар, масалан, ошӯби чанде пеш дар зиндони Ваҳдат сурат гирад. Лекин дар дигар ҳолатҳои на ба ин қадр фавқулода низ сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешуданд.

Мессенҷерҳои Messenger, WhatsApp, Viber (на дар ҳамаи провайдерон) бастаанд

Сабаб:

Шумори зангҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуда, мутаносибан воридоти маблағ аз андоз низ коҳиш ёфт.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ моҳи март изҳор дошта буд, ки соли 2015 мардум 6,2 млрд. дақиқа зангҳои байнулмилалии овозиро истифода кардааст. Соли 2018 ин нишондиҳанда то ба 600 млн. дақиқа поин рафт. Сабабаш дар он аст, ки аҳолӣ бештар бо мессенҷерҳо гуфтугӯ мекунад.

Коршиносон мегӯянд, дастрасӣ ба мессенҷерҳоро барои он қатъ мекунанд, ки одамон боз дубора ба зангҳои маъмулӣ баргарданд.

Қаъи дастрасӣ ба VPN-ҳо: Browsec, Betternet, Protonmail

Сабаб:

Дастрасӣ ба VPN барои он қатъ мешавад, ки ҷиҳати воридшавӣ ба сомонаву хизматгузорӣ ва шабакаҳои дастнораси  дар боло зикршуда имкон вуҷуд надошта бошад.

https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190522/dastras-ba-amai-nizomoi-ustu-dar-toikiston-at-shud


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима