ниШАСТ
Чунин менамояд, ки нишастҳои матбуотии раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо бештар аз суолу ҷавоб бо хабарнигорон ба як пиар — компанияи раисбобо монанд аст. Вале афсӯс, ин спектакл хеле беҳунарона гузошта мешавад.
Намехоҳам мисли дигарон аз андешаҳои аблаҳонаи ин ё он раис ёдовар шавам, ки дар идома моҳҳову солҳо ба ҷумлаҳои “дӯстдошта”-и рӯзноманигорон бадал мешавад.
Аз воситаҳои таъсиррасонӣ ба афкори журналистон ҳам намехоҳам бигӯям.
Фақат чанд пешниҳод дорам:
- Аввалан бояд дар тамоми ноҳия, шаҳрҳо, ширкатҳо марказҳои матбуотӣ ҳамчун воҳиди корӣ таъсис дода шаванд. Дар ин ҳолат кори раис ҳам осон мешавад, кори рӯзноманигор ҳам. Яъне онҳо медонанд, ки то нишасти шашмоҳа суоли худро пеши кӣ баранд ва аз кӣ пурсанд.
- Бадбахтона, баъзе аз ширкатҳои калони хусусӣ мисли “Фароз”, бозорҳои азиме чун “Корвон”, марказҳои калони тиҷоратие чун “Ашан” то ҳанӯз марказҳои матбуотӣ надоранд. Ин андеша аз он сарчашма мегирад, ки вазифаи мазкурро нолозим мешуморанд. Ҳол он ки, доштани як маркази матбуотӣ метавонад онҳоро аз “тирборон”- и журналистон эмин нигоҳ дорад. Чунки аксар журналистони касбӣ ҳангоми омода намудани мавод ҳатман назари масъулинро фаҳмидан мехоҳанд. Ҷой доштани назари онҳо метавонад монеи якҷониба омода гаштани мавод гардад.
- Дар баъзе нишастҳои матбуотӣ то ба ин дам ба ин ё он хабарнигори “худӣ” додани сипосномаю диплом ё ягон туҳфа мӯд гардида буд. Фаҳмидан душвор нест, ки ин амал ба кадом хотир сурат мегирифт. Хушбахтона, шашмоҳаи охир баъди эътирози журналистони соҳибноми вилояти Суғд ин анъана қариб барҳам хӯрд.
- Дар бораи “кофе-брейк”-ҳои пурдабдаба солҳои гузашта зиёд навиштанду гуфтанд. Интизор мерафт, ки ин амали бадномкунандаи рӯзноманигорон барҳам хоҳад хӯрд, вале ҳайҳот! Вилояту ноҳияҳоро намедонам, вале дар миёни сохторҳои ҷумҳуриявӣ фақат Суди Олӣ ва Прокуратураи генералӣ дар шашмоҳаи охир аз ин амал даст кашида буданд. Пешниҳоди ман ин аст, ки кофе-брейкҳо пурра барҳам дода шаванд, зеро бо донистани он ки шикамро сер мекунанд, бештар рӯзноманигорони хасакӣ ба ин нишастҳо медаванд. Шояд бо барҳам додани он танҳо журналистоне раванд, ки суоли беҷавоб доранд.
- Бояд бо пешниҳоди варақаҳои иттилоотӣ ба журналистон қаноат карда, вазирону раисон нишастро фақат дар шакли суолу ҷавоб гузаронанд. Ин амал ҳам сатҳи саводи онҳоро ва ҳам сатҳи саводи хабарнигоронро нишон медиҳад.
- Сардабирон дар идома бояд ҳатман суоли пешниҳодмекардаи рӯзноманигорашонро аз назар гузаронанд. Ин маҳдуд кардани озодии баён нест, балки ҳолатҳое буданд, ки суоли марбут ба вазорати дигар бударо дар вазорати дигар медоданд.
Хулоса, ин чанд пешниҳод барои андеша буд. Гӯши масъулон чун ҳамеша намешунавад ё шунидаву чорае меандешанд, чун суоли кушода мемонад.
Хуршед Атовулло
https://faraj.tj/minbari-sardabir/nishast-3/
DPF
11.08.2020 17:12
119
Хабарҳо