28 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 09:00 дар Кумитаи мазкур, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар ниҳоди худ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 дар маҷлисгоҳи ин вазорат нишасти матбуотӣ барпо менамоянд.
Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.