Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои ҷалби коршиноси берунӣ дар масоили ахлоқӣ ва худтанзимкунӣ дар расонаҳо озмун эълон мекунад. Вазифаҳои асосии коршинос – ёрӣ расонидан ба созмон дар коркарди кодекси нави ахлоқи журналистӣ, ислоҳоти механизмҳои худтанзимкунӣ ва роҳандозии таҷрибаи нави шикоят аз расонаҳо ва кори рӯзноманигорон.
Талабот:
таҷрибаи кори лозим на камтар аз 5 сол;
омодагӣ барои ёрӣ расонидан ба созмон дар иҷроӣ шудани тарҳ аз роҳи машварат, омӯзиши кормандон, баргузории баррасиҳои онлайнӣ, вебинарҳо, машварат дар бахши тарҳҳои санадҳо ва ғайра;
огоҳӣ аз вазъи ҷомеаи расонаии Тоҷикистон.
Барои иштирок дар озмун довталаб бояд ин санадҳоро пешниҳод кунад:
– шарҳи ҳол (резюме) ва мактуби шарҳу тавсифи таҷрибаи кор дар масоили мавриди назар;
– мактуби тавсиявӣ.
Санадҳо то соати 23.59-и 25 июли соли 2020 пазируфта мешаванд. Санадҳоро ба ин нишонӣ бифристед:
тамос +992 93 575 99 33 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
http://mediacouncil.tj/2020/07/15/ozmun-korshinosi-masoili-ahloq-va-hudtanzimkunii-rasonaho/