“Тоҷикматлубот”: рӯзноманигор надорем. Маҳдӣ Собир: ман мутахассис
     TJ RU EN
09:37 / 2024-11-16

“Тоҷикматлубот”: рӯзноманигор надорем. Маҳдӣ Собир: ман мутахассис

Роҳбарияти Иттифоқи “Тоҷикматлубот” эроди рӯзноманигоронро дар мавриди назаррас набудани фаъолияти кории корхона қабул надоранд, аммо кам будани маълумоти соҳаро дар сомонаи расмии ниҳод эътироф мекунанд. Масъулин дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ нашудани дастоварду пешравиҳои соҳаро дар надоштани мутахассиси соҳаи рӯзноманигорӣ дар корхонаашон медонанд.

Раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”-и кишвар Ҳусейн Идиев дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ҳис кардааст, ки дар сомонаи “Тоҷикматлубот” маълумот ар бораи соҳа камтар аст ва дар рӯзҳои наздик онро ислоҳ хоҳанд кард.

— Дар ҳақиқат мо мутахассисе, ки дар бораи пешравӣ, дастовард ва камбудии соҳа ҳаррӯза дар сомона ба хонандаҳо маълумот пешниҳод кунад, надорем. Сайти “Тоҷикматлубот” 4-5 сол қабл бо супориши бевоситаи Президенти кишвар ташкил карда шуд. Мо эродҳои шуморо қабул дорем ва ҳатман дар пайи ислоҳи он хоҳем шуд,- гуфт раиси “Тоҷикматлубот”.

Бо истифода аз фурсати муносиб, Маҳдӣ Собир худашро ба ҳайси мутахассиси соҳаи рӯзноманигорӣ ба роҳбарияти “Тоҷикматлубот” муаррифӣ карда, гуфт, омодааст ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва ба омма расонидани дастоварду пешравиҳои соҳа мусоидат кунад.

Ҳусейн Идиев пешниҳоди М. Собирро қабул кард ва гуфт, ки тайёр аст тариқи шартнома бо Маҳдӣ Собир ҳамкориро ба роҳ монад.

Ёдовар мешавем, ки то ба роҳбарии Иттифоқи “Тоҷикматлубот” омадани Ҳусейн Идиев дар ин ниҳод нашрияҳои соҳавии “Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” таҳти роҳбарии рӯзноманигори шинохта Ҳабибулло Ёров фаъолият мекарданд, аммо пас аз як соли таъйин гардиданаш ба роҳбарии Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Идиев нашрияҳоро баст. Раис далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.

Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки “таблиғи сиёсат дар соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ” ҳам дар ин муддат дуруст ба роҳ монда нашудааст. Тибқи мониторинги сомонаи интернетии tojikmatlubot.tj дар шаш моҳи охир ба ҷуз 4-5 хабар дар мавриди бозсозии чанд бозори зертобеи ин ниҳод дар манотиқи кишвар, дигар ягон маълумоти муфид барои хонанда пешниҳод нашудааст.

https://faraj.tj/habari-ruz/tojikmatlubot-ruznomanigor-nadorem-mahdy-sobir-man-mutahassis/


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима