20 июл кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
20 июл Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Агентии «Тоҷикстандарт» нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Агентии мазкур баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» соати 11:00 ва аз Маркази миллии қонунгузорӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.
Суди Олӣ нишаси матбуотиро соати 15:30 дар маҷлисгоҳи ин ниҳод баргузор менамояд.
DPF
17.07.2020 19:15
113
Хабарҳо