Бисёре аз тарс фавтиданд: вазир-академик Имомзода гуфт, мардумро руҳбаланд бояд кард
     TJ RU EN
09:25 / 2024-11-16

Бисёре аз тарс фавтиданд: вазир-академик Имомзода гуфт, мардумро руҳбаланд бояд кард

Академик Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, муътақид аст, бисёре, ки дар даври пандемия вафот карданд, аз тарс фавтиданд

Имомзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз мавқеи муҳими рӯзноманигорон дар ҷомеа тавсиф карда, хоҳиш кард, ки дар давраи пандемия мардумро дастгирӣ кунанд.

Вазир аз рӯзноманигорон хоҳиш намуд, ки мардумро натарсонанд, балки руҳбаланд созанд,

“Фақат хоҳишу илтимос, мардумро руҳбаланд кунед. Ин бемории иҷтимоӣ аст. Миллионҳо одамон шифо ёфтанд. Ҳеч гап нест, мегузарад ҳамааш. Мардумро дастгирию руҳбаланд кунед, баръакс натарсонед мардумро. Қисми зиёде, ки вафот карданд, аз тарс фавтиданд”, - изҳор дошт Имомзода.

Ӯ дар хитоб ба рӯзноманигорон такрор намуд, ки мардум шуморо эҳтиром мекунад, шуморо гӯш мекунад, мардумро дастгирӣ кунед. Бино бар пояи оморҳои ахир, дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6741 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5431 нафар ё худ 80,5 дарсади гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, ба иттилои расмӣ дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200717/1031589208/Bisre-az-tars-favtidand-vazir-akademik-Imomzoda-guft-mardumro-rubaland-boyad-kard.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима