Таъсири иттилоот ба инсон ва тафаккури интиқодии ӯ.
Иттилоот ва тасъири он ба инсон, ҷаҳонбинӣ ва навъҳои он ва чӣ гуна бояд иттилоотро бояд истеъмол иттилоъкард дар дарси омӯзишии “Мediasavod”.
Дар доираи лоиҳаи “Се нуқта” мо ба Шумо саводи расонаӣ меомӯзонем ва кӯшиш мекунем, тафаккури интиқодии шуморо рушд диҳем, то ба хабару маводҳои “фейкӣ” ва бардурӯғ бовар накунеду фирефта нашавед. Имрӯз тасмим гирифтем дар доираи ин лоиҳа дарсии омӯзиширо дар мавзӯи "Таъсири иттилоот ба инсон ва тафаккури интиқодии ӯ" пешкаши шумо кунем.
Иттилоот ва инсон
Одам аз лаҳзаи таваллуд бо иттилоот сару кор дорад ва амалан онро бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул менамояд. Сипас маълумотро дар шакли тасвирҳои гуногун дар хотира ҳифзу таҳлил карда, ё барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, ё ба шахси дигар интиқол медиҳад ва ё дар муҳити хотира нигоҳ медорад.
Инсон иттилоотро аз олами беруна бо ёрии панҷ узви ҳиссӣ - босира (чашм), сомеа (гӯш), зоиқа (забон), шомиа (бинӣ) ва ломиса (пӯст) қабул мекунад.
Дар ҳамин ҳол беш аз 90% маълумотро инсон тавассути узвҳои босира ва сомеа, дақиқтараш тариқи дидан ва шунавидан мегирад, ки он иттилооти тасвирӣ ва садоӣ аст. Аммо дигар узвҳои ҳиссӣ низ дар расонидани иттилоот нақш доранд.
Дар баробари ба зинаҳои нави рушди технологӣ расидани инсон доманаи муҳити иттилоотии мо хеле фароху густурда мешавад. Бешак, ҳоло одамон дар як рӯз ба ҳадде иттилоот истеъмол мекунанд, ки шояд панҷсад ё ҳазор сол муқаддам, ингуна ҳаҷми иттилоотро инсон дар тӯли умраш истеъмол намекард.
Дар замони муосир иттиллотро дар қиёс бо дигар намуди захираҳо, ки ҳамагӣ имкони коҳишёбӣ доранд, "захираи ҳамеша дар ҳоли афзоиш ва фанонопазир" меноманд. Ин амр ба сурати умум одамонро бо таҳдиди ҷиддӣ, яъне хатари "олудагӣ аз партови иттилоотӣ" рӯ ба рӯ кардааст.
Иттилоот ва ҷаҳонбинии инсон
Ҷаҳонбинии инсон ҳамеша ба ҳангоми қабули қарорҳо ва амалҳояш асар мекунад ва барои дарку фаҳмиши ҳар як ҳодисаҳои муҳити атроф бевосита таъсир мерасонад.
Ҷаҳонбинӣ - маҷмӯи тасвирҳои ба ҳам алоқаманд мебошад, ки ғояҳо ва диду назар ва фаҳмишҳои моро дар бораи олами беруна фаро мегирад. Агар ҷаҳонбинӣ ба воқеият асос ёфта бошад, яъне бинишу фаҳмишҳое, ки дар сари мо ташаккул ёфтааст, ба ҷаҳони воқеӣ шабоҳат дорад, пас худи инсон дуруст рафтор мекунад. Агар дар майнаи инсон носозӣ ва бетартибиҳо бошад, пас рафторҳои мо бисёр хастакунанда ва бемантиқона хоҳанд буд.
Тасаввурот дар бораи олами беруна аз иттилоот ва маҷмӯи маълумоте пайдо мешавад, ки мо онро аз муҳити беруна мегирем ва он дар майнаи мо ба ин ё он тарз шакл мегирад.
Ҳамин тариқ инсон иттилооти зиёдеро қабул мекунад ва онро мавриди истифода қарор медиҳад. Аммо мушкилот ин ҷост, на ҳамаи иттилооте, ки мо қабул мекунем, муфид ва коршоям аст. Аниқтараш ин маълумотҳо бояд дуруст, эътимоднок ва муфид бошанд.
Ба ҳар сурат бояд хуб барои худ тасаввур кунем, ки ба расонидани маълумот ва ташакули ҷаҳонбинии шахс омилҳои берунаи зерин таъсир мерасонанд:
- муҳити расонаӣ;
- волидайн ва оила;
- мактаб, донишкада ва муҳити касбӣ;
- дӯстон ва ҳалқаи мусоҳибон;
- маҳалли иқомат ва тарзи зист.
Бешак, ҳамаи ин омилҳо дар ҳаёти инсон нақши бузург доранд ва таъсиррасонанд. Аммо мо таваҷҷуҳи худро ба таъсири муҳити расонаӣ мутамарказ хоҳем кард. Чаро? Ба назар чунин мерасад, ки дар асри 21 - асри рушди технологияҳои иттилоотӣ муҳити расонаӣ сол аз сол аҳамияти бештарро касб карда, тадриҷан ба зинаи аввал мегузарад. Аз тарафи дигар ҳадафи мо аз ин дарсҳо расонаомӯзӣ аст.
Муфассал: (Се нуқта/Бидон чиро мебинӣ) https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20200716/bidon-chiro-mebin-ittiloot-izo-ast-onro-ch-guna-boyad-istemol-kard