Назари коршиносон дар мавриди таъсири тағйирот ба Кодекси қонунвайрокунии маъмурӣ нисбати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва журналистон.
Новобаста аз мавҷи эътирози коршиносон, мардум, рӯзноманигорон, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бар зидди қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Тоҷикистон баланд шуд, он аз ҷониби мақомоти расмӣ пазируфта ва мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи яке аз тағйирот, барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи бемориҳои хатарноки сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тариқи ВАО ва интернет ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Матни тағйирот бо ин суроға қобили дарёфт аст.
Вобаста ба ин мавзӯъ мо бо коршиносони расонаӣ суҳбат кардем, то бифаҳмем, ки қабули тағйироти мазкур ба нашр ва паҳн кардани хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо чӣ таъсир мерасонад? Оё ин тағирот рафтори корбарони шабакаҳои иҷтимоиро тағйир медиҳад ё не?
“Ба ин беадолатӣ, танҳо бо роҳи адолат метавон мубориза бурд”
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) мегӯяд, аллакай таъсири манфии ин тағйироту иловаҳо эҳсос мегардад.
“Дар мадди аввал, худсензурӣ боло меравад. Мо дар даст мисолҳои мушаххас дорем. Аллакай онҳое, ки бо мавзӯҳои ҳассос сару кор доштанд ва дар бораи коронавирус маводу гузоришҳо омода мекарданд, аз ин кор худдорӣ карда истодаанд.
Дуюм. Ҳатто, то замони қабули тағйиру иловаҳо ҳуҷумҳо ба журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯи фейку троллҳо оғоз шуда буданд.
Сеюм: Ончӣ, ки дар қонун омадааст “ахбори носаҳеҳ”, дар қонунгузорӣ шарҳи худро надорад ва ин имконияти интихобан татбиқ кардани меъёри қонун нисбати ин ё он рӯзноманигори мустақил шуда метавонад”,- мегӯяд Қаршибоев.
Ӯ мегӯяд, ба ин беадолатӣ, фақат бо роҳи адолат, риояи қонун ва волоияти қонунгузорӣ мубориза бурдан даркор асту халос. “Вақте шахс иттилооти саҳеҳро дар даст дорад, метавонад онро нашр намояд ва замоне, ки мақомоти давлатӣ даъво кунанд, ки ин иттилоъ нодуруст ва носаҳеҳ аст, бигзор дар чаҳорчӯбаи қонун дар суд баррасӣ карда шавад. Дар суд сарчашмаи Шумо метавонад омада исбот кунад, ки дар ҳақиқат ин вазъият ҷой дошт ва иттилои нашр шуда дуруст мебошад”.
“Агар гап дар бораи бастани даҳони мардум равад, дар шароити имрӯза ин кор имконнопазир аст. Роҳи ягонаи мубориза алайҳи иттилои бардурӯғ, нимдурӯғ ё фейк бештар паҳн кардани иттилои дуруст, ҳаққонӣ, расмӣ ва ҳамаҷониба аст. Бо пахш кардани овозҳои мустақил дар дохили ҷумҳурӣ, мақомот мавқеи онҳоеро, ки зидди Тоҷикистон иттилоъ пахш мекунанд, мустаҳкам мекунанд, мустаҳкам карда истодаанд”, - мегӯяд Қаршибоев.
“Тағйирот манфиатест ба кисаи ҷазодиҳандаҳо”
Таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, тағйироти мазкури қабулгардида ба зиёд шудани худсензурӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад.
“Аз рӯи иловаҳое, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид намуданд, ҳар иттилое, ки мухолифи иттилои расмӣ аст, иттилои дурӯғ ҳисоб мешавад. Қабул кардани ин сабабгори он мешавад, ки иттилои дуруст метавонад нопайдо бимонад. Рӯзҳои аввали пайдоиши бемории коронавирус дар таҷриба нишон дод, ки сохторҳои ҳукуматӣ, махсусан вазорати тандурустӣ, имконияти фанниву ақлонии ҷамъ кардани иттилои дурустро надоштанд. Ба ғайр аз ин, онҳо дар паҳн кардани иттилоъ мустақил нестанд. Ҳама вақт мунтазир мешаванд, ки “аз боло” чӣ мегӯянд. Интизориҳо ба он оварда мерасонад, ки иттилоъ саривақт пешниҳод намешавад ва мардум аз иттилои зарурӣ маҳрум мемонанд”, - иброз дошт Қодиров.
Ба гуфтаи ӯ, ин тағйирот ба он оварда мерасонад, ки худи ҷазодиҳандаҳо ба манфиати кисаи хеш пул кор кунанд.
“Дар ҳолате, ки дар қонун ҷазои муайян вуҷуд надорад ва гуфта мешавад, аз фалон сомонӣ то фалон, ин номуайянӣ ихтиёрро ба дасти шахсе медиҳад, ки ҷазоро қабул мекунад. Яъне ҳамон қадаре, ки ҷазодиҳанда хоҳад ҳамон мешавад. Ҷаримашаванда мехоҳад бо роҳи пешниҳоди ришва, ҷаримаро камтар супорад. Ин ба манфиати шахси ҷазодиҳанда мешавад, на ин ки давлат”, - афзуд Қодиров
Қодиров мегӯяд: “Ин қонун ба он оварда мерасонад, ки агар ҳукумат ширро сиёҳ гӯяд, бояд мо онро сиёҳ қабул кунем”.
“Аккаунтҳои “беном” зиёд мешаванд”
Коршиноси масъалаҳои технологиҳои интернетӣ Рустам Гулов мегӯяд, барои ӯ номуайян аст, ки кадом ниҳод ё вазорат дурустӣ ва нодурустии иттилооти нашршударо маълум менамояд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон манбаҳои кушоди иттилоот кам ва қариб ки вуҷуд надоранд.
“Ягона чизе, ки айни ҳол мантиқан фаҳмидан мумкин аст, ин ҳама он иттилое, ки ба мавқеи расмии мақомоти давлатӣ мувофиқат пайдо намекунад, нодуруст гуфтан мумкин мешавад”, - мегӯяд Гулов.
Ӯ барои мо мисолеро пешниҳод кард, ки дурустии баъзе иттилооти расмиро зери суол мебарад.
“Мисоли мушаххас, дар Чин боз як вирусе наве пайдо шудааст. Агар шахсе аз ҳамсоякишвар бо ин вирус ба Тоҷикистон биёяд ва истифорбарандаи интернет аз ин огоҳӣ ёфта, нависад, ки он шаҳрванд бо ин вирус ба Тоҷикистон омадааст, вале мақомоти расмӣ инро инкор кунанд. Пас ин ҷо маълумоти кӣ бардурӯғ мебошад? Кӣ исбот карда метавонад, ки кадоме дуруст аст? Аз нуқтаи назари тағёироте, ки аллакай қабул шудааст, ҳамон шахсеро ҷарима мекунанд ва мегӯянд, ки мо то ҳол ба таври расмӣ инро ба қайд нагирифтаем. Яъне ин моддаи бемаънӣ ва ба озодии сухан зараррасон аст ва фоидае надорад”,- мегӯяд ин коршинос.
Гулов инчунин бар ин назар аст, ки тағйироти мазкур сабаб мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои махфӣ ё ба истилоҳ “беном” пайдо мешаванд.
“Корбарони шабакаҳои иҷтимоие ҳастанд, ки бо ҳар роҳ иттилооти дар дастдоштаашонро ба мардум мерасонанд. Вақте дар кишвар озодии сухан нест ва барои сухани мегуфтаат туро ҷарима кунанд, ин наметавонад даҳони мардумро пӯшонад. “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои “беном”, яъне махфӣ зиёд пайдо мешаванд. Ин аккаунтҳо “фейкӣ” нестанд ва аз онҳо фарқ мекунанд. Агар аккаунт бо мақсади пахши иттилооти нодуруст сохта шавад пас он “фейкӣ” аст. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои мисли он, ки озодии сухан онҷо таъмин нест, аккаунтҳои “беном” пайдо мешаванд. Мардум аз тарси он ки ҷарима нашаванд, аз ин гуна аккаунтҳо истифода мебаранд ва иттилооти дар даст доштаи худро нашр намуда ба мардум мерасонанд”, - мегӯяд, Гулов.