Вазорати адлияи Тоҷикистон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт пешниҳод кардааст, ки фаъолияти Маркази тадқиқоти иҷтимоии “Зеркало” боздошта шуда, инчунин фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy манъ карда шавад.
Ба гуфтаи муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Асадулло Ҳикматзода, дар фаъолияти ин ташкилотҳо нақзи меъёрҳои оинномаҳои онҳо ошкор шудааст.
Ҳикматзода изҳор дошт, ки ташкилоти ҷамъиятии Operation Mercy оинномааашро риоя накарда, ба таблиғи дини насронӣ дар Тоҷикистон машғул шудааст.
Дар мавриди Маркази “Зеркало” зикр шуд, ки ин ташкилот меъёрҳои оинномаашро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, маблағгузории ташкилот, инчунин қабули қарорҳои машваратӣ риоя накардааст.
“Маркази “Зеркало” одамонро бидуни анҷоми расмиёт ба кор қабул намуда, қарорҳои марказ бидуни риояи оиннома на дар ҷаласаи ҳайати мушовара, балки аз ҷониби 1 нафар қабул мешуданд”, - қайд кард Ҳикматзода.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки МТИ “Зеркало” имрӯзҳо рӯйи бартараф кардани иштибоҳоти содиршуда кор карда, суд метавонад ин ҳолатҳоро ба инобат гирад.
Маркази тадқиқоти ичтимоии “Зеркало” бо ташаббуси як гурӯҳ ҷомеашиносон ва мутахассисони соҳаи омӯзиши афкори ҷомеа дар Тоҷикистон соли 1999 дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Тӯли солҳои сипаришуда МТИ “Зеркало” аз ташкилоте, ки дар ҳудуди пойтахт назарпурсиҳои дохилӣ анҷом медод, ба як ташкилоте табдил ёфт, ки дар саросари кишвар назарсанҷиҳои бузургмиқёс баргузор мекунад.
Operation Mercy - созмони байнулмилалии кумакрасонӣ ва рушд бо собиқаи беш аз 20-солаи корӣ ва қароргоҳ дар Шветсия аст, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, Африқои Шимлоӣ ва Ховари Миёна кор карда, дар ин кишварҳо лоиҳаҳо оид ба рушди ҷомеа ва расонидаи кумаки башардӯстонаро амалӣ месозад.
Дар Тоҷикистон Operation Mercy аз соли 1993 фаъолият дорад. Лоиҳаҳои созмон ба рушди бахши кишоварзӣ, рушди фарогири ҷомеа, беҳбуди маърифатнокии санитарии ҷомеа ва ташаббусҳо оид ба гирифтани даромад равона шудаанд.