Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад
     TJ RU EN
09:35 / 2024-11-16

Посухи радди ВКД. Мақомот гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳимояи давлатӣ эҳтиёҷ надорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дархости зери ҳимояи давлатӣ гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик посухи рад додааст. Вакили дифоъ қаблан аз ВКД хоста буд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ду дафъа латукуб шудааст, таҳти ҳимояти давлатӣ гирифта шавад.

Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа, ки аз ҳуқуқҳои Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоя мекунанд, гуфтанд, ВКД оғози ҳафта ба дархости вакили дифоъ посух рад дод.

Дар посухи ВКД бо имзои муфаттиши калони Раёсати тафтишоти ВКД Холов М.А омадааст, "бинобар сабаби мавҷуд набудани асосҳои татбиқи чораҳои амниятӣ, нисбати зерҳимояатон ҷабрдида Ғурбатов А.У татбиқ нагардид."

Қонунгузории Тоҷикистон муқаррар кардааст ки дар ҳолати мавҷуд будани хавфу хатар ба ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни мурофиаҳои судӣ онҳо ба ҳимояи давлатӣ гирифта мешаванд.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов баъди як ҳафтаи ҳамлаи аввал ба мақомоти ВКД гуфта буд, чанд нафари ношинос телефонӣ Абдуллоҳ Ғурбатиро таҳдид кардаанд ва бояд онҳо шиносоӣ шуда, пайвандашон бо ҳодисаи ахир маълум карда шавад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "то замоне ки он афрод ёфт нашудаанд, ҳаёти ман дар хатар аст ва имкони дубора ҳамла карданашон ҳаст. Аз ҳамин хотир чунин ариза додем."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони хабаргузории "Азия-Плюс" моҳи май ду маротиба мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Бори аввали рӯзи 11-уми май дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе ва бори дуввум рӯзи 29-уми май замоне, ки Ғурбатӣ мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.

Омилони латукӯби аввал то ҳол ошкор нагаштаанд, ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, тафтишот "таҳти назорати доимии роҳбарияти ВКД қарор дорад."

Дар пайи ҳамлаи дубора ба Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон ва нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва дипломатҳои Ғарбӣ, мақомот се сокини Хуросонро ҷазо доданд. Додгоҳи ноҳияи Хуросон онҳоро 580 сомонӣ ҷарима баст.

Ду маротиба ҳадафи ҳамла қарори гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба миён оварда буд.

15 созмони ҷамъиятӣ ва як гуруҳ хабарнигорон аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, Додситони кул ва Омбудсмен хостанд ба қазияи латукӯби рӯзноманигор расидагии қонунӣ шавад. Созмонҳои ҷамъиятӣ тақозо карданд, ки ба таҷрибаи таъқиби рӯзноманигорон дар кишвар поён дода шавад ва давлат ба санадҳои байналмилалии озодии баён пойбанд бимонад.

Пеш аз он чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо бо нигаронӣ аз афзоиши фишор ба хабарнигорон гуфтанд, давлати Тоҷикистон бояд барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам орад. Мақомоти давлатӣ ҳамеша гуфтаанд, қонунгузории кишвар ба чунин фаъолият заминаи муносиб гузошта, ҳуқуқи ҳеч рӯзноманигор поймол нашудааст.

https://www.ozodi.org/a/30717650.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима