Дарсҳои 10 дақиқаина тариқи ТВ “Баҳористон” – тасдиқгари омода набудани кӣ ё чӣ?
Дар Тоҷикистон ду рӯз қабл аз расман тасдиқ кардани мавҷудияти коронавирус, муассисаҳои таълимии умумӣ ба таътили пеш аз мӯҳлат баромаданд. Ва ҳанӯз қабл аз эътирофи расмии вирус дар кишвар, Вазорати маориф ва илми кишвар (ВМИ) эълон карда буд, ки дар сурати зарурӣ, омода аст дарсҳоро тариқи онлайн баргузор намояд. Аммо ВМИ нагуфт, ки ин дарсҳо кай сар мешаванду бо кадом тартиб пахш мешаванд.
Аввалин варақаи иттилоотии расмӣ оид ба паҳн кардани дарсҳои онлайнӣ тариқи шабакаи наврасону кӯдакон “Баҳористон” санаи 10.06.2020 нашр шуд, яъне аллакай дар таътили тобистона, ки дар он гуфта мешуд: “…Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунӣ, дар асоси таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда, роҳу усулҳои алтернативии таҳсили хонандагон, аз ҷумла тариқи шабакаҳои телевизионӣ, платформаҳои рақамии онлайн ва офлайнро кор карда истодааст…
Тибқи иттилои расмӣ, дарсҳои телевизионӣ – хонандагонро барои омӯзиши фанҳои таълимӣ дар асоси барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ фаро гирифта, ҳамзамон, дастуру воситаҳои ёрирасони раванди таълими фосилавиро барои омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон дар бар мегиранд. Ҳарчунин дар хабар оид ба “алоқаманд намудани хонандагон ва мутахассисони соҳа тариқи дарсҳои телевизонӣ ва бартараф намудани мушкилии дастрасӣ ба интернетро дар хона, мавзеъҳои дурдаст, чунин беҳтар намудани натиҷаҳои таълимии хонандагон, дастрасии онҳо ба маводи босифати иловагӣ…” таъкид шуд.
Воқеан, баъди чанд рӯзе тариқи телевизиони наврасону кӯдакон “Баҳористон” (ТВБ) кӯшиши ба роҳ мондани дарсҳо дида шуд, аммо бо тамошо кардани онҳо муддати беш аз як моҳ, дилам барои ин наслу ин ҷомеа реш-реш шуд.
Тибқи ҷадвали барномаҳо тариқи ТВБ дар як рӯз ду маротиба дарсҳои онлайнӣ ба роҳ монда шудаанд: соати 10:00 ва 18:00.
Барои фаҳмотар шудани мазмуну мундариҷаи дарсҳои онлайнӣ якчандтои онро мавриди таҳлил қарор додем.
Соати 18:00, 9.07.2020 тибқи ҷадвале, ки дар сомонаи ТВБ дарҷ шуда буд бояд дарси забони русӣ мешуд, аммо соати 18.00 дарси технологияи иттилоотӣ барои синфҳои 9 сар шуд. Муаллим оид ба сохтани сайте гуфту хонандагонро даъват намуд, ки дар кори амалӣ бо ӯ иштирок карда, сомонаи чандрасонаӣ созанд. Аввалин суоли пайдошуда: “ин дарс барои кӣ равона шудааст?”
Агар барои хонандагоне, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, пас сад дар сад гуфта метавон, ки дарси 10 дақиқаинаи мазкур барои онҳо ягон чизеро ёд намедиҳад, чун хонандагони макотиби шаҳр имкониятҳои бештар доранду аз онҳо истифода мекунанд. Аммо агар он барои хонандагони макотиби ноҳияву минтақаҳо равона шуда буд, пас онҳо дар сурати надоштани дастрасӣ ба комютер (на дар хона ва на дар ҷои дигар), дар куҷо бояд кори амалӣ кунанд?
Дар 10 дақиқа муаллим ба хонандагон оид ба як дарси технологияҳои иттилоотӣ – сохтани сомонаи мултимеди “маълумот” дод ва ман барои таҷриба кӯшиш намудам, ки гуфтаҳои муаллимро дар варақ нависам, аммо раванди дарс чунон тез буд, ки ҳатто ман чунин имконро аз даст додам.
Соат 10:00, 15.07.2020. Дарси алгебра барои хонандагони синфи 9. Дарс ба формулаҳои хосиятҳои дараҷаи адади нишондиҳандааш бутун бахшида шуд. Бо нишон додани формулаҳои гуногун, муаллим аз тамошобинон даъват намуд, ки онҳо дониши худро санҷанд ва барои ин дар экран мисоле оварда шуд. Муаллим дарсро бисёр содда ва фаҳмо шарҳ дод. Дар охири барнома муаллим ба хонандагон таъкид кард, ки барои дарки хуби мавзӯи мазкур ва ҳалли мисолҳои гуногуни вобаста ба он, метавонанд аз китоби Алгебра барои хонандагони синфи 9 истифода намоянд. Дар ин дарс дар баробари муаллим, ки мавзӯъро мефаҳмонд, дар кунҷи экран тарҷумони имову ишора (сурдопереводчик) низ барои шахсони камшунаво дарсро шарҳ дод, ки қобили таҳсин аст.
Соат 10:00, 22.07.2020. Дарси математика барои хонандагони синфи 1. Ба фарқ аз дарсҳои телевизионӣ барои синфҳои болоӣ, дар ин дарсҳо муаллимро нишон надоданд, танҳо садои ӯ шунида мешуд, ки мисолҳои тарҳу ҷамъро мефаҳмонд. Муаллима даъват намуд, ки тамошобинон чунин мисолро ҳал кунанд: дар шохи дарахт 6 гунҷишк буд, 2-тоаш парида рафт. Чанд гунҷишк боқӣ монд? Ҷавоби мисолро ба таври фаҳмо чунин нишон доданд: 6-2=4. Дар охир барои дар хотир нигоҳ доштани дарси гузашта, муаллима ҳашт мисолро барои кори мустақилона пешниҳод намуд.
Соати 18:00, 23.07.2020. Дарси математика барои хонандагони синфи 2. Дар дарс мисолҳои математикиро бо ду тарз: усули муқаррарӣ ва усули зериҳам ҳал карданро ба тамошобинон фаҳмонданд. Мисол, 35+12=? Муаллима аз тамошобинон даъват кард, ки аввал мисолро бо усули зериҳам ҳисоб намоянд. Яъне, нахуст ду рақами ақибро ҷамъ бояд кард: 5+2=7 ва баъд ду рақами аввалро ҷамъ намуд: 3+1=4. Тавре ҷавоби мисол нишон дод 35+12=47 аст. Барои синфҳои ибтидоӣ дарсҳо бо забони фаҳмо ва мисолҳои ҳаётӣ фаҳмонда мешуд.
Бо тамошо кардани дарсҳои онлайнии мазкур чандин суоле ба миён омад, ки посухашро бояд масъулини ВМИ ва ТВБ диҳанд. Аввал ин ки тибқи кадом меъёрҳо вазорат ва ТВБ дарсҳоро дар як рӯз ду маротиба пахш мекунанд? Барои чӣ дар ягон ҷо оид ба ҷадвали пахши ин дарсҳо маълумоте нест, ба ғайр аз сомонаи ТВБ (дар он ҳам танҳо барои як рӯз нашр мешавад)? Суоли дигар ин аст, ки чаро барои ҳар як синф тибқи барномаи таълимии боқимонда ва дарсҳои ҳатмии синфҳо, ки муддати ду моҳи дигари бояд мехонданд, дарсҳои телевизионӣ омода накарданд? Чун барномаҳое, ки тариқи ТВБ намоиш дода шуданд, тамоман танзими пахш надоштанд, яъне агар имрӯз саҳар дарси забони русӣ барои хонандагони синфи 6 намоиш дода шуд, бегоҳ дарси математикаро барои хонандагони синфи 7 намоиш медонанд. Суол ин аст, ки чӣ мушкил дошт, агар як рӯзро ба соатҳо ҷудо карда, бо тартиб барои синфҳои 1 то 11 дарсҳоро ҷудо карда намоиш медоданд?
Барои мисол, дар ҳамсоякишвари мо – Ӯзбекистон хонандагон аз 16 март ба таътил фиристода шуда, оғоз аз 30 марти соли 2020 се шабакаи телевизионӣ барои гузаронидани дарсҳои онлайнӣ шурӯъ карданд. Дигар ин ки ҳамаи дарсҳои онлайнии онҳоро мешуд дар сомонаи махсусе пайдо кард. Аммо дар мо чӣ? Агар хонанда имкони тамошои барномаро тариқи телевизион сари вақт надошт, пас онро дубора аз куҷо дастрас намояд? Чун дар сомонаи ТВБ ин дарсҳоро пайдо кардан ғайриимкон аст. Шояд таъсиси телевизиони махсусе барои пахши дарсҳои онлайнӣ дар ин муддати “кӯтоҳ” набуд, аммо суоли матраҳ ин аст ки чаро дар ТВБ (тайи ин се моҳи охир зиёдтар эфиррро барномаҳои такрорию филмҳои тасвирии хориҷӣ пур карданд), ба дарсҳои онлайнӣ, ки манфиаташ ба тамошобинон бештар аст, ҳамагӣ дар як рӯз ду маротиба ба муддати 10 дақиқа эфир доданд?
Тавре аз иттилои расмӣ бармеояд барномаҳои мазкур дар Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо омода ва нашр шуда истодаанд ва тибқи нақша бояд 120 дарси онлайнӣ пешкаши хонандагон шаванд. Барои ман ҳамчун як андозсупоранда, ки фаъолияти вазорату шабакаҳои телевизионӣ аз ҳисоби ин андозҳо ба роҳ монда шудааст, боиси тааҷҷуб аст, ки оё Вазорати маориф ва илми кишвар ё худи ТВ “Баҳористон” имкони таҳия ва нашри чунин барномаҳоро надоранд? Ба онҳо чӣ намерасад: мутахассис, техника ё хоҳиш?
Хулоса, ман оид ба сифату маънии дарсҳо чизе гуфтан намехоҳам, чун ин қазоват ба худи бинандагону хонандагон аст, ки то чӣ андоза барояшон ин дарсҳо диққатҷалбкунандаву фаҳмо ва манфиатбахш буданд. Аммо муддати беш аз як моҳи тамошои ин дарсҳо маро ба чунин хулоса водор мекунад, ки на вазорати маориф ва на ТВ “Баҳористон”, ки имкониятҳои басандаи моддиву техникӣ доранд, нисбат ба омода намудани дарсҳои телевизионӣ масъулиятонаро эҳсос накарданд.
Ва суоли боз ин аст, ки дар тамоми ҷаҳон ҳоло ҳам коронавирус ба итмом нарасидааст ва тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, дар бисёр давлатҳо то охири соли 2020 дарсҳои мактаббачагон ва донишҷӯён тариқи онлайн сурат хоҳад гирифт. Ҳатто тибқи маълумоти қаблӣ, дар ҳамсоякишварҳои мо – Қазоқистону Қирғизистон низ дарсҳо то охири сол онлайн хоҳанд гузашт. Аммо дар Тоҷикистон тибқи фармони вазири маориф оғоз аз 17 августи соли 2020 дарсҳо шурӯъ мешаванд, вале агар дар кишвар вазъият оид ба вирус дигар шавад, пас мактаббачагони тоҷикистонӣ танҳо аз ҳамин гуна дарсҳои 10 дақиқаинаи истеҳсолшуда бо кӯмаки ташкилотҳои хориҷӣ, дар як рӯз ду маротиба истифода хоҳанд кард?
Муҳайё Нозимова
https://newreporter.org/tj/2020/08/06/darshoi-10-daqiqaina-tariqi-tv-bahoriston-tasdiqgari-omoda-nabudani-kjj-yo-chjj/
DPF
10.08.2020 13:59
126
Хабарҳо