Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?
     TJ RU EN
09:24 / 2024-11-16

Сензура ба хотири субот ё қонуни нав ба кори рӯзноманигорон чӣ таъсир мегузорад?

Президенти Тоҷикистон сарфи назар аз нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иловаҳои воридшуда ба қонун дар мавриди нақзи низоми ниқобпӯшӣ ва нашри иттилооти носаҳеҳро пуштибонӣ кард. Коршиносон аз бадтар шудани вазъи бе ин ҳам нобасомони рӯзноманигорон дар кишвар бар пайи тафсири ҳар гунаи қонун ҳарос доранд. Аммо мақомот бовар доранд, ки чунин ҳаросҳо беасосанд.

Тағйиротҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 июл аз сӯи раисҷумҳур имзо шуданд, барои паҳн кардани иттилооти носаҳеҳ тавассути расонаҳо ҷаримаву ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, ба андозаи аз 580 сомонӣ ҷаримаву 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои шахсони воқеӣ ва 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ. Барои надоштани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тибқи ин қонун нақзкунандагонро ҷарима аз 116 то 290 сомонӣ мунтазир аст.

Агар ҷарима барои надоштани ниқоб аз сӯйи ҷомеа бо дарки нисбатан паст кардани вазъи эпидемиологӣ қабул шуда бошад, вале масъалаи ҷарима "барои иттилои дурӯғ" дар давраи ҳамагириро коршиносон ҳамчун маҳдудкунаи иловагӣ барои фаъолияти рӯзноманигорӣ медонанд.

"Маҳдудкунандаи саркӯбгар"

Вакили мудофеъ ва фаъоли ҳуқуқи башар Ҷамшед Ёров тахмин мезанад, ки аз ин пас ҳар иттилои алтернативӣ дар бораи коронавирус, ки метавонад ба обрӯи ҳукумат латма бизанад, хатари иттилои дурӯғ баҳогузорӣ шуданро дорад ва алайҳи паҳнкунандаи он метавонад парванда боз шавад.

"Масъалаи дурустиву нодурустии иттилоъ дар рафти тадқиқиот, ба василаи муқоиса кардани он ба фарзияи расмии давлат муайян карда мешавад. Вале масъала ин ҷост, ки байни истилоҳоти "иттилои дурӯғ" ва "иттилои нопурра" чӣ гуна фарқ гузошта мешавад. Тафтишот ғаразро бояд муайян кунад, вале онро дар мақолаву матлабҳо чӣ гуна мушахас мекунанд?",-суол мегузорад Ёров.

Ба гуфтаи вай, ин гуна қонунҳо ба таври васеъ маънидод мешаванд ва ҳар муфаттише бар асоси хостааш ё дастуре метавонад онро ба гунаи худ татбиқ кунад.

Вале намояндагони шохаи ҳокимияти қонунгузор, ки якдилона аз ин иловаҳо ҷонибдорӣ карданд, чунин нигарониҳо надоранд. "Ман фикр мекунам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни сабаб ба рӯзноманигорон фишор намеоваранд, агар онҳо дар доираи қонун кор кунанд. Ин ҷо ҳеҷ мушкилеро намебинам",- мегӯяд Равшан Раҷабзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Ҳушдорҳои ношунида

Чанде пештар дар як изҳороти Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон (CPJ) аз Эмомалӣ Раҳмон даъват шуда буд, ки зери ин иловаҳои қонун имзо нагузорад. Муаллифони он бар ин назар буданд, ки тағйирот дар қонунҳо болои расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ фишор меоварад ва ҳукумат бо истифода аз пандемия, сензураро шиддат мебахшад.

Ин тасмими вакилони порлумонро ҳамчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба шиддат маҳкум карданд. 17 созмони маданӣ ва расона 23 июн дар як изҳороти муштарак ба номи президент ва раиси Маҷлиси Миллӣ нигаронии худро аз роҳандозии ҷаримаҳо барои паҳн кардани иттилои марбут ба COVID-19 изҳор доштанд. Зери ин муроҷиатнома Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, АМВАОМТ, "Нотабене", "Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Азия Плюс", "Хома" ва дигарон имзо гузошта буданд.

Ба гуфтаи онҳо, қонун "ба таври ҷиддӣ вазъи бе ин ҳам сангини озодии баён дар кишварро бадтар мекунад, сонсур ва худсонсуриро дар дохили идораи расонаҳо, рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ шиддат мебахшад ва дастрасии аҳолӣ ба иттилоти марбут ба паҳншавии бемориҳои хатарзоро, дар ҳоле ки шаҳрванд ҳақ дорад дар мавриди дараҷаи гирифтории аҳолӣ ва омилҳои таъсиргузор ба саломатияш иттилоъ бигирад, маҳдуд мекунад".

"Расонаҳо аз тахминзанӣ даст мекашанд"

Иршод Сулаймонӣ, узви Раёсати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мегӯяд, ки аз нигоҳи назарияи қонунгузорӣ, ин иловаҳо чизи баде нестанд, вале он чӣ ки созмонҳои дохилӣ ва байналмилалиро нигарон кард, шеваи кор гирифтан аз ин фурсатҳои қонун дар кишварҳои худкомаву саркӯбгар аст.

"Ин қонун кори рӯзноманигоронро буҳронитар мекунад. Дар назария ва амалияи рӯзноманигорӣ ин амр қабулшуда аст, ки агар ниҳодҳо, хусусан ниҳодҳои давлатӣ аз додани иттилоъ саркашӣ кунанд, расонаҳо метавонанд дар такя ба манбаву коршиносонашон фарзияву тахмини худро пешниҳод кунанд. Аммо ин меъёрҳои нав ҳатто фарзияву тахминро, ки дар улуми ҷомеашиносӣ яке аз аслҳои асосии расидан ба ҳақиқати илмист, инкор мекунанд. Аз сӯи дигар, ин як василаи дар инҳисори давлат қарор додани иттилооти марбут ба мавридҳои хос, аз ҷумла коронавирус аст. Ин меъёр метавонад дар мавридҳои хос алайҳи расонаҳои ҷудогона истифода шавад",- бовар дорад Сулаймонӣ.

Бояд гуфт, ки иловаҳо ба қонунгузорӣ дар оғози июн аз сӯи ҳукумат дар пасманзари хабарҳои бархоста дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи маргу мир аз коронавируси COVID-19 пешниҳод шуда буданд. Дар ҳоле, ки омори расмӣ аз марги даҳҳо тан аз коронавирус мегӯянд, дар омори алтернативие, ки гуруҳи фаъолон таҳия кардаанд, бештар аз 437 мавриди марг ҳисоб шудааст, ки Радиои Озодӣ тавонист бештар аз 150 мавриди онро таъйид кунад.

Пинҳон кардани маргу мир ва вуҷуди вирус дар кишвар ҳукуматро зери мавҷи интиқодҳо қарор дод. Маҳз барои ҳамин роҳандозии ҷазоҳои ҷаримавӣ барои "иттилооти дурӯғ"-ро бештари коршиносон пешакӣ ба ҳифзи обрӯи ҳукумат дар пасманзари наздик шудани интихоботи президентӣ, ки бояд тирамоҳи соли 2020 баргузор шавад, рабт медоданд.

https://www.ozodi.org/a/30713568.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима