Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд
     TJ RU EN
10:00 / 2024-11-16

Тоҷикистон: Ҷаримаи бениқобон ва «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус қонунӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бисту ду қонунро ба имзо расонд, ки дар байни онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” диққати мардумро бештар ба худ ҷалб мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян мекунад. Дар ин бора вебгоҳи президент хабар дода навишт, ки тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Бино ба тағйироте, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид кард ва баъдан онро Маҷлиси Миллӣ пазируфту президент имзо гузошт, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мекунанд.

Дар ҳамин тағйирот гуфта мешавад, ки барои пахши “ахбори ғалат” дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима таъйин шудаасту паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 соли ҳабсро дар пай дорад.

https://faraj.tj/habari-ruz/tojikiston-arimai-beniqobon-va-ahbori-ghalat-dar-borai-koronavirus-qonuny-shud/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима