CPJ аз Эмомалӣ Раҳмон хост, тарҳи баҳсбарангезро имзо накунад
Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, бо пахши изҳороте гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон набояд тарҳеро имзо кунад, ки озодии баёнро зери хатар мегузорад.Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн
тағйироти баҳсбарангезро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул кард. Бар асоси он, барои пахши "ахбори ғалат" дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз аъзои Маҷлиси Миллӣ ва раиси ҷумҳур хост, аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунанд. CPJ мегӯяд, "тарҳи баҳсбарангез аз ҷарима то 15 рӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад".
Ин созмон мегӯяд, тағйирот ба қонун мушаххас накардааст, ки бар асоси кадом меъёр дурӯғ будани гузориш баҳогузорӣ хоҳад шуд. Ҳоло навбати тасвиби ин қонун аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон аст.
Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ, мегӯяд, "тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як иҷозатномаи рӯшан ба мақомот барои бештар кардани сензура бо баҳонаи мубориза бо пандемияи COVID-19 мебошад."
Ӯ гуфт: "Президент Эмомалӣ Раҳмон набояд ин қонунро имзо кунад ва бояд пеши роҳи саркӯби матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шавад."
Дар ин тағйирот барои пахши "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар суҳбати телефонӣ бо CPJ гуфтааст, тағйирот ба қонун "як иқдоми саркӯбгароёна буда, ҳадафаш маҳдуд кардани озодиҳо барои дарёфт ва паҳн кардани иттилоъ мебошад". Вай афзудааст, "ин кор метавонад дар остонаи интихоботи президентии соли ҷорӣ мақомотро барои фишороварӣ ба матбуот ҷасуртар кунад."
Мақомот чунин нигарониҳоро беасос медонанд. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "ҳеч гуна саркӯб кардани шахсони озодандеш нест, балки пеш аз ҳама пешгирии бемории COVID-19 аст. Мардум ҳарчӣ тезтар аз ин беморӣ шифо ёбанд ва фазо дар муҳити Тоҷикистон хуб шавад, то кор пеш равад."
Тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷарима барои пахши "ахбори ғалат" рӯзи 10-уми июн бе машварат бо ҷомеа ва ногаҳонӣ дар Маҷлиси Намояндагон эълон шуд.
Қабули ин тарҳ аз сӯйи палатаи поёнии порлумон ба вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Ба ин хотир 23-юми июн 29 созмон ва рӯзноманигорон аз Маҷлиси Миллӣ хостанд, аз қабули тағйироти баҳсбарангез худдорӣ кунад. Созмонҳо ҳамчунин аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақозо карданд, то аз имзо мондан ба зери санад худдорӣ варзад.
Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъини ҷарима барои ба истилоҳ нашри “хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ” дар бораи коронавирус "ба озодии баён осеб мерасонад".
https://www.ozodi.org/a/cpj-statement-tajikistan/30700339.html
DPF
03.07.2020 15:05
115
Хабарҳо