Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад
     TJ RU EN
07:30 / 2024-11-16

Посухи дархостҳо: сифат беҳбудӣ металабад

Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои апрел, май ва июни соли ҷорӣ ба як қатор вазорату корхонаҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад.

Давоми се моҳи соли ҷорӣ (апрел, май, июн) Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба ниҳодҳои гуногун дархости журналистӣ фиристода, ба қисми зиёди онҳо ҷавоб гирифт.

3 апрели соли равон ба Вазорати илм ва морифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дезинфексия ва  таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводу таҷҳизоти тиббӣ дархост фиристода шуд. Вазорати маориф дар давоми 3 рӯзи корӣ ба дархости АМВАОМТ ба пуррагӣ ҷавоб фиристод.

10 апрел ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар вилояти Суғд доир ба масъалаи сӯиистифода аз ваколатҳои кормандони хидматӣ дар нимсолаи соли 2019 аз ҷониби АМВАОМТ маълумот дархост карда шуд. Ниҳоди мазкур мушкилотро баррасӣ намуда, дар муддати 11 рӯзи корӣ ба дархости АМВАОМТ посух додааст.

Санаи 20 апрел ба Раёсати вазорати тандурустии вилояти Суғд аз ҷониби корманди АМВАОМТ дар вилояти Суғд Мавлуда Рафиева барои интишор дар матбуот маълумот оид ба таъмини кормандони тиб бо василаҳои муҳофизатӣ як қатор саволҳо фиристода шуд. Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар ҷавоб навиштааст, ки ниҳоди мазкур барои пешгирии ин беморӣ ва таъмини кормандони тиб бо воситаҷои муҳофизатӣ тамоми чораҳои заруриро андешидааст.

Аммо ба дархости дигари намояндаи АМВАОМТ дар вилояти Суғд дар мавриди шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҳудуди вилоят аз бемории COVID 19  раёсати тандурустӣ навиштааст, ки ҳамкорӣ бо ВАО-ро бевосита вазорати тандурустӣ ба роҳ мондааст.

“Маълум менамоем, ки тибқи банди 2-юми фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020, №365 “Дар бораи пешгирии ифшошавии маълумоти дорои сирри хизматӣ”, кори васоити ахбори умум дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад”-омадааст дар посухи Раёсати тандурустии вилояти Суғд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳама далелҳои марбут ба коронавируси COVID-19 - шумораи беморон, ки аз ин беморӣ табобат ёфтаанд ва чанд нафар вафот кардаанд, мардум бояд донанд ва ин далелҳо набояд пинҳон бошанд.

21 апрел ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд,  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дастрас намудани ҳисоботи нимсолаи аввали 2020 дархост фиристода шуд. Ниҳодҳои мазкур дар муддати кӯтоҳ ба дархости журналистии Мавлуда Рафиева, намояндаи АМВАОМТ дар вилояти Суғд посух додаанд.

Санаи 15 майи соли ҷорӣ аз ҷониби журналисти мустақил Ҷамшед Маъруф ба Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи шумораи арзу шикоятҳои шаҳрвандон барои иҳотакунӣ (аблава)-и ҷавонон, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди  ҳолатҳои коррупсионӣ барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани ҷавонон дар зарфи 5 соли ахир ва 4 моҳи соли ҷорӣ, ба Вазорати мудофиа дар мавриди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дархост равон карда шуд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайяншуда ба дархости Ҷамшед Маъруф посух додаанд, аммо Прокуратураи ҳарбӣ бо гузашти 1 моҳ ҳанӯз ҳам посухи худро нафиристодааст.

Санаи 16 июн ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таъмини кормандони тиб бо либосҳои муҳоҷизатӣ, санаи 23 июн ба Вазорати адлия оид ба масълаи фарзандхонӣ дар Тоҷикистон якчанд суолҳо дархост карда шудаанд. Масъулони ин ниҳодҳо гуфтанд, ин мактубҳо мавриди баррасӣ қарор доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат посухро равон мекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари маврид дархостҳо қонеъ карда мешаванд, вале мӯҳлатҳои муқаррар намудаи қонун риоя намешаванд ва макомот дар бораи ба таъхир афтодани посух дархосткунандаро хабардор намекунад.  Ҳамзамон, сифати посухҳо ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар маҷмӯъ АМВАОМТ ва журналистони мустақил дар се моҳи зикршуда (апрел, май, июн) ба ниҳодҳои гуногуни давлатӣ 13 дархости журналистӣ ирсол дода, ба 9 дархост посух гифтанд. Ду дархост мавриди барраси карор доранд, ба ду дархости дигар бо гузашти ҳамаи мӯҳлатҳои муқаррар намудаи қонун посух наомадаст.

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима