Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён
     TJ RU EN
07:49 / 2024-11-16

Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YouTube аз рӯи миқдори муштариён

Дар ин феҳрист мо ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои омории шабакаҳо, аз қабили теъдоди муштариён, миқдори видеоҳо дар шабака, миқдори умумии тамошои видеоҳо ва ғайра таваҷҷуҳ кардаем. Боздиди охирини мо аз шабакаҳо дар таърихи аз 13 то 15 июни соли ҷорӣ сурат гирифтааст ва омори овардашуда ба ҳамин давра мутобиқат мекунад.

Дар радаи аввали феҳристи 10 шабакаи пурбинандатарини суғдии YouTube шабакаи Dfilm tj, ки ба видеоблогнависи тоҷик Диловар Сафаров тааллуқ дорад, ҷойгир мешавад.  Шабакаи мазкур, беш аз 5 сол муқаддам, аниқтараш 15 декабри соли 2014 таъсис ёфта, айни замон 282 ҳазор муштарӣ дорад. Аслан дар муҳити тоҷикии YouTube ба камтарин видеоблогнависон ва ҳам продюссерон муяссар шудааст, ки ба шабакаи худ чунин миқдор муштариёнро ҷамъ карда бошанд. Видеоҳое, ки Диловар дар шабакаи худ ҷой медиҳад, асосан дар жанри talk vlog (ток влог), гуфтугӯ ё худ суҳбати як нафар эҷод шудаанд.

Дар шабакаи Dfilm tj 440 адад видео мавҷуд аст, ки муштариён маҷмӯан 43,8 миллион маротиба аз онҳо дидан кардаанд. Диловар Сафаров ҳамчунин дар шабакаи худ як идда мусоҳибаҳоро анҷом дода, видеоклипҳои ҳавасмандкунанда ва видеоҳои таҷрибаҳои иҷтимоиро низ ҷой додааст.   Масалан, мусоҳибаи Диловарро  бо Саидмурод Давлатов  – бизнес-тренер, соҳибкори маъруфи тоҷик, муаллифи як қатор китобҳои омузишӣ оид ба касби даромад дар зарфи 3 моҳ қариб 600 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Аммо пурбинандатарин видеои ин шабака “Қиссаи модар” ном дорад, ки онро аз интишор шуданаш ба ин сӯ, яъне тайи як солу ду моҳ беш аз 1 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Дар феҳристи мо Barakat Media бо 258 ҳазор  нафар муштарӣ дар мақоми дуюм ҷойгир шуд. Шабакаи студияи тавлиди мусиқии Barakat Media ҳанӯз дар оғози соли 2012 таъсис гардидааст ва дар ин ҷо 2872 адад видеои клипҳо ва консертҳои муфассали ҳофизони номии кишвар ва бештар аз ҳама вилояти Суғд, инчунин видеоҳои ҳаҷвӣ ҷой дода шудаанд. Ростӣ, бо ин миқдор мавод на ҳар шабакаи муҳити тоҷикии YouTube метавонад фахр кунад.  Ин аст, ки муштариён дар маҷмӯъ видеоҳои ин шабакаро беш аз 155,3 млн. маротиба тамошо кардаанд ва ин нишондиҳанда ҳам барои ютубкорони тоҷик  нодир аст.

Таронаи “Дилакам” дар иҷрои Нигина Амонқулова аз ҷумлаи пурбинандатарин видеои ин шабака ба ҳисоб меравад, ки онро дар давоми зиёда аз шаш сол беш аз 6,3 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Дар радаи сеюм боз як шабакаи мусиқӣ JM Company ҷо гирифтааст, ки он эҷодиёти  сулолаи ҳунармандони маъруфи тоҷик бо сарварии Ҳунарпешаи мардумии СССР Ҷӯрабек Муродовро тараннум  мекунад.  JM Company аз куҳантарин шабакаҳои тоҷикии  YouTube ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 24 маи соли 2009 таъсис шудааст.  Ин шабака  беш аз 122 ҳазор нафар муштарӣ дорад ва дар он 640 адад видеои клип ва консертҳои падару писар Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо, инчунин баъзе аз шогирдони устоди ҳунари тоҷик ҷой дода шудаанд.

Аз машҳуртарин видеои ин шабака беш аз 2,6 млн. маротиба боздид шудааст.

Пайки Суғд чунин ном дорад, шабакае, ки дар феҳристи мо бо 106 ҳазор  нафар муштарӣ дар мақоми чаҳорум ҷой гирифта, яке аз куҳантаринҳо ба ҳисоб меравад. Шабакаи мазкур 16 июли соли 2012 таъсис шуда, қаблан ба ширкати телевизиони мустақили СМ-1 (Хуҷанд)  тааллуқ дошт. Ҳудуди 2 сол муқаддам зери як муноқишаи дохилӣ ширкати СМ-1 аз ин шабака даст кашид ва тамоми мӯҳтавои марбут ба ширкатро аз ин шабака лағв кунонд. Ҳоло шабакаи мазкурро гардонандаи он ба ихтиёр гирифтааст. Акнун шабака ҳам ном ва ҳам мавзӯи худро тағйир дода, асосан ахбори ҷиноиро интишор мекунад. Айни замон дар шабака ҳудуди 354 видео ҷой дода шудааст, ки маҷмуан онҳоро 17,8 млн. бор дидан кардаанд.

Аз пурбинандатарин видеои ин шабакаро қариб 467 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Шабакаи  YORMATOV  , ки бо лоиҳаи  «Шоу Дугонахо» машҳур шудааст, 73,9 ҳазор нафар муштарӣ дорад ва дар феҳристи мо дар мақоми панҷум ҷойгир аст. Скетчшоуи духтаракони хуҷандӣ як муддат ҳамарӯза тамошобинони зиёдро ба ин шабака ворид мекард. Ҳарчанд айни замон шиддати маъруфияти скетчкомҳо  андаке коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо маҳз ҳаводорони ҳамин лоиҳа мухотабони асосии  шабака ба ҳисоб мераванд.  Фаррух Ёрматов продюсери  лоиҳаи мазкур аст, ки ҳамзамон дар шабакаи хеш видеоклипҳои муаллифии мусиқӣ ва ҳам лайфхакҳои муфидро барои кӯдакон пешкаш менамояд. Аслан дар муҳити тоҷикии YouTube пешниҳоди муҳтаво дар жанри  лайфхак чандон маъмул нест ва илова бар ин барои кӯдакон пешкаш кардани муҳтаво  низ хеле ҳодисаи нодир аст. Дар шабакаи мазкур 885 адад видео мавҷуд аст, ки маҷмӯан онҳоро қариб 18 млн. бор тамошо кардаанд. Шабака 28 апрели соли 2016 таъсис шудааст. Машҳуртарин видеои шабакаро  бештар  аз 1,1 млн.  маротиба тамошо кардаанд.

Зинаи шашумро дар феҳристи мо шабакаи Қаламрави ҳаҷв (Территория Юмора ТРК АЗИЯ) ишғол мекунад. Шабакаи мазкур 15 апрели соли 2016 таъсис шуда, то ҳол қариб 61 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Қаламрави ҳаҷв  тарҳи хеле машҳури ширкати телевизион ва радиои “Азия” ба ҳисоб меравад, ки он ҳам дар телевизион ва ҳам дар YouTube  ба намоиш гузошта мешавад ва то ҳол 41 шумораи он нашр шудааст. Ин барнома аз  рӯи ғоя ва формати хеш барномаи “Comedy club” –и ширкати ТНТ –и Русияро ба хотир меорад. Қаламрави ҳаҷв хеле ба тоҷикӣ  ва муҳити маҳал мутобиқ карда, сайқал дода шудааст, аммо ҳамоно як лоиҳаи забонаш мухталати тоҷикию русӣ боқӣ мемонад.  Дар ин шабака ҳамчунин як тарҳи дигар бо номи “Гап” амалӣ мешавад, ки дар ин маҳфил овозхонони машҳури шаҳри Хуҷанд ва атрофи он латифаҳои намакин мегӯянд.  Дар шабакаи мазкур 228 адад видео мавҷуд аст, ки маҷмуан онҳоро қариб 8,5 млн. нафар  тамошо кардаанд. Пурбинандатарин видеои ин шабака филми мазҳакавии “Миллион то Соли Нав” мебошад, ки аз он то кунун наздик ба 330 ҳазор маротиба боздид кардаанд.

Muhammad Production шабакаи боз як маркази продюссерии Хуҷанд аст, ки дар феҳристи мо ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад.  Ин шабакаи мусиқӣ то имрӯз 51 ҳазор нафар муштарӣ дорад ва барои онҳо 698 адад видео манзур шудааст. То кунун аз видеоҳои ин шабака маҷмӯан 16,8 млн. маротиба дидан кардаанд. Шабакаи мазкур 16 январи соли 2018 таъсис ёфтааст.

Пурбинандатарин видеои ин шабакаро наздик ба 865 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар зинаи ҳаштуми феҳристи мо боз  як шабакаи мазҳакавӣ бо номи TAJIK SHOW ҷойгир шуд. Ин шабака ҳамагӣ ду сол муқаддам, аниқтараш 26 марти соли 2018 таъсис шудааст ва 14,9 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Умуман аз видеоҳои ин шабака 1,7 млн. маротиба дидан шудааст.

AHRORI Channel, ки худро шабакаи  фарҳангию фароғатӣ унвон кардааст, 13,3 ҳазор нафар муштарӣ дорад ва 19 апрели соли 2017 таъсис шудааст. Муаллифи шабака видеоблогери тоҷик Маҳмудхон Аҳрорӣ барномаҳояшро дар формати шоу бо истифода аз жанрҳои мухталифи ютубӣ, ба мисли мусоҳибаҳо бо фаъолони шоу-бизнесу видеоблогнависон, силсилафилмҳои кӯтоҳ таҳти унвони “Як рӯзи як шахс” ва ғайра пешкаш мекунад. Др ин шабака ҳамагӣ 24 видео ҷой дода шудааст ва аз онҳо муштариён маҷмуан бештар аз 1,5 млн. маротиба дидан кардаанд.

Маъруфтарин видеои ин каналро зиёда аз 360 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Ниҳоят феҳристи моро  шабакаи реп-портали Хуҷанд (RAP PORTAL KHUJAND) бо касби мақоми даҳум ҷамъбаст мекунад. Ин шабака айни замон  7 ҳазор муштарӣ дорад. Дар ин шабака  77 адад видео ҷой дода шудааст, ки маҷмӯан онҳоро 1,7  млн. маротиба тамошо кардаанд. Шабакаи мазкур 14 январи соли 2018 таъсис шудааст.)

Пурбинандатарин видеои ин шабакаро наздик ба 331 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ба ҷойи хулоса

Даҳгонаи беҳтарин шабакаи суғдии YOUTUBE аз рӯи миқдори муштариён, ки бори нахуст тартиб дода мешавад, моро водор кард, ки дар мавриди рушди ҳавзаи суғдии муҳити тоҷикии YouTube бо такя ба ин таҳқиқот баъзе хулосаҳои худро барорем.

Ҷустуҷӯ ва дарёфти шабакаҳо ва муайян кардани пурбинандатарини онҳо дар муҳити тоҷикии  YouTube ҳарчанд кори содда намояд ҳам, чандон саҳлу осон нест. Иллати аввал ин, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз хадамоти махсуси офлайнӣ ё онлайнӣ, ки омори  ингуна шабакаҳоро ҷамъоварӣ карда, рейтинги онҳоро муайян созад, амал намекунад. Аммо ҳамзамон сервисҳои хориҷие ба мисли Socialblade , ки чунин корҳоро арзёбӣ мекунанд, низ маълумоти ноқис ва нокифоя медиҳанд ва ба ин кор муаллифон ва ё моликони шабакаҳо айбдоранд. Зеро ҳангоми бақайдгирӣ онҳо огоҳона ё ноогоҳона маълумотро дар бораи кишвар ва мавзуъи шабака нодуруст дарҷ кардаанд, ё умуман ингуна иттилоот  сабт нашудааст. Бинобар ин ин мо ҳамон сомонаҳаро баррасӣ кардем, ки муаллифон ва моликони онҳо амалан дар қаламрави вилояти Суғд кору зиндагӣ мекунанд.

Нахуст бояд зикр кард, ки тамошобини тоҷик ҳамакнун дигар аз якнавоии шабакаҳои телевизионии кишвар гурехта, каму беш бо YouTube унс гирифтааст ва бо вуыуди гаронии нархи дастрасӣ ба Интернет  хостаҳои худро дар ин ҷо амалӣ менамояд. Сониян, дар ин даҳгона  4 шабакаи мусиқӣ , 3 шабакаи мазҳакавӣ, 2 шабакаи вебблогнависон ва 1 шабакаи иттилотӣ ворид шуданд. Айни замон  метавон гуфт, ки  дар ҳавазаи суғдии муҳити тоҷикии  YouTube айни  замон шбакаҳое, клипу консер ва ҳаҷвияю скетчшоу пешкаш мекунанд, афзалият дорад.

Аммо дар баробари ин дар радаи аввал ҷой гирифтани шабакаи Dfilm tj, ки ба видеоблогнависи тоҷик Диловар Сафаров тааллуқ дорад, инчуни дар ин даҳгона ҷойгир шудани шабакаи AHRORI Channel, ки муаллифи он Маҳмудхон Аҳрорӣ аст, аз он далолат медиҳад, ки ҳамакнун миёни муштариён шабакаҳо дар формат ва жанрҳои talk vlog, мусоҳибаҳои ютубӣ, таҷрибаҳои иҷтимоӣ, вебсилсилафилмҳои кӯтоҳ низ маъруфият пайдо мекунанд. Ахиран дар ҳавзаи суғдии муҳити тоҷикии YouTube чанд шабакаи нав таъсис шуданд, ки шумораи қобили таваҷҷуҳи муштариёнро ба худ ҷалб кардаанд. Гулмехи фаъолияти шабакаҳои “Нигоҳи нав” (дар ин бора мо қаблан навишта будем), “Dilnaz Karim” (шабакаи овозхони маъруф Дилноза Каримова), “UFO” (марбут  ба ҳаҷвнигор Далер Комилов ва аксбардор Ҷӯрабой Шавкатович) маҳз мусоҳиба ва шабакаи “Панднома”-ро бошад (муаллиф Одинамуҳаммад Одинаев) talk vlog, ё суҳбати  як нафар ташкил медиҳад.

Зеро видеоблогнависи тоҷик Диловар Сафаров  дар таҷрибаи хеш як чизро собит кард: ҳарчанд шоу, пранк, мусоҳибаҳои пурмоҷаро, ё мазҳакаю танз ҳанӯз ҳам аз маъруфтарин жанрҳои видеои ютубӣ ба ҳисоб раванд ҳам,  вале бо истифода аз  жанри talk vlog  ва мусоҳиба низ метавон мухотабони зиёдро ба шабака ҷалб намуда, дар сархати беҳтаринҳо ҷой гирифт.


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима