Дархости салоҳиятноки иттилоот боиси беҳбуди сифати рӯзноманигорӣ мешавад
     TJ RU EN
10:30 / 2024-11-16

Дархости салоҳиятноки иттилоот боиси беҳбуди сифати рӯзноманигорӣ мешавад

Қонунгузории Тоҷикистон барои дархости иттилоот ҳам барои рӯзноманигорон ва ҳам барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои дарёфти иттилоот имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ба манзури расондани кӯмак ба мутахассисони расонаҳо ҷиҳати мурури қонун, беҳтар кардани сифати дархостҳо ва ба ин тартиб, беҳбуди сифати матнҳои рӯзноманигорӣ, Thomson Media дар ҳамкорӣ бо АМВАОМТ давраи онлайнии омӯзиширо таҳти унвони "Дастрасӣ ба иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" роҳандозӣ кардааст.

Пас аз хатми ин давра донишҷӯён вобаста ба вазъ бо истифода аз меъёрҳои қонунҳои мухталиф, тарзи ирсоли дархостҳоро дар мавриди дастрасӣ ба иттилоот ба муассисаҳою идораҳо меомӯзанд. Онҳо метавонанд дархостҳоро тавре таҳия намоянд, ки эҳтимолияти дарёфти ҷавоби эътимоднокро зиёд кунад.

Ин давра дар кор бо радди пешниҳоди иттилоот ва посухи нокофӣ кӯмак мекунад, ҳамчунин, ба шумо тарзи пешниҳоди дархости такрориро ёд медиҳад, ки нодида гирифтани дархост ғайриимкон мешавад.

Бар иловаи бахши назариявӣ ин давра дорои машваратҳои зиёди муфид аст. Дар онҳо мавориди воқеӣ аз таҷрибаи мутахассисони пешбари расонаҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ гирдоварӣ шудааст.

Коршиносони давра:

Иан МакВилям (Ian MacWilliam) - рӯзноманигор ва коршиноси расонаҳо бо таҷрибаи кории зиёд дар кишварҳои пасошӯравӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Ховари Миёна. Дар муддати 25 сол ба ҳайси хабарнигор, продюссер ва сардабир, бо шумули 10 соли кор дар радиою телевизиони Би-би-сӣ фаъолият кардааст. Барои Economist, Observer, The Daily Telegragh, Los Angeles Times ва нашрияҳои дигар матлаб навиштаст. Ба унвони хабарнигор дар шаҳрҳои Лондон, Париж, Маскав, Тошканд, Алмаато, Кобул, Исломобод, Пешовар ва Ливия, Тунис, Ироқ ва кишварҳои дигар фаъолият кардааст. Дар Коллеҷи Салтанатии Лондон (King’s College London) дар соҳаи терроризм ва амният дараҷаи магистриро дарёфт кардаст.

Нуриддин Қаршибоев - рӯзноманигор, муассис ва раҳбари Ассосиатсияи миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ). Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст. Дар рӯзномаи пешбари “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва агентии иттилоотии миллии Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 1999 ба ҳимояи ҳуқуқи кормандони ВАО пардохтааст.

Хуршед Ӯлмасов - муассиси ширкати теле-радио ва рекламавии “Тироз”. Коршинос оиди технологияи бисёррасонаӣ ва ҳамгаро мебошад. Собиқаи кор дар расонаҳо 21 сол аст.

Гулнора Амиршоева - раиси кулли созмони “Вечерний Душанбе” ва сардабири нашрияи “Вечёрка”. Барандаи ҷоизаи Бунёди Сорос барои фаъолияти беҳтарин дар ВАО дар бахши иқтисодӣ. Барандаи ҷоизаи озмуни САҲА, ки ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён бахшида шудааст. Барандаи ҷоизаи олии рӯзноманигории Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ мебошад.

Неъматулло Мирсаидов - рӯзноманигори байналмилалӣ, коршинос оиди масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Яке аз муассисони ширкати байнидавлатии радио ва телевизиони “Мир” мебошад. Нахустин шореҳи сиёсии радио ва телевизиони Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Феълан ба ҳайси рӯзноманигори мустақил фаъолият дорад.

Сӯҳроб Пӯлотов - ҳуқуқшиноси расонаҳо. Дар муассисаҳои омӯзишӣ ва ниҳодҳои қудратӣ фаъоият кардааст. Аз соли 2014 ҳуқуқшиноси Ассосиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон аст. Дар чорчӯби ҳамкорӣ бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба рӯзноманигорон кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад.

Ҷамшед Маъруфов (Ҷамшед Маъруф) - рӯзноманигор ва мураббии расонаҳо. Ҳаммуассиси захираҳои Factcheck. Tj ва ZiraMedia, сардабири Factcheck. Tj. Аз соли 2012 дар самти таҳқиқоти журналистӣ фаъолият дорад.

Лидия Исамова - рӯзноманигор ва коршиноси расонаҳо. Дар солҳои 1997-2001 муҳаррир ва раҳбари хадамоти иттилоотии агентии “Азия-Плюс” буд. Ба ҳайси хабарнигори агентии Assosiated Press дар Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар солҳои 2002-2005 раиси IWPR дар Тоҷикистон буд. Аз соли 2003 то ба ҳол хабарнигори “РИА Новости” дар Тоҷикистон аст.

Мударриси давра - Матлуба Мустаева - рӯзноманигори мустақили Осиёи Марказӣ аст, ки дар Берлин фаъолият мекунад. Бахши журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи Тошкандро хатм карда, дар самти кор бо расонаҳои байналмилалӣ таҷрибаи калон дорад. Раҳбарии агентии хабарии варзишии chempionat.asia-ро ба ӯҳда дошта, дар бахши журналистикаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ширкатҳои расонавии хориҷӣ фаъолият кардааст.

Аз шумо даъват мекунем, ки ҳамин ҳоло ба омӯзиш бипайвандед!

Агар шумо дар давраҳои платформаи Журнализми Феълӣ (Journalism Now) ширкат надоштед, система пешниҳод мекунад, ки сабти ном шавед. Тавассути номи корбарӣ ва пароли дарёфтӣ шумо метавонед барои шомил шудан ба давра истифода баред ва дар вақти муносиб ширкат намоед.

Хуш омадед!

 Маълумот

“Дастрасӣ ба иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз ду давраи вижаи онлайни рӯзноманигорӣ ба забони тоҷикӣ аст, ки онро Thomson Media таҳия кардааст. Давраи дигарро, ки ба тафтиши далелҳо бахшида шудааст, созмон ният дорад дар моҳи июли соли 2020 оғоз кунад.

Давраҳои мазкур натиҷаи ҳамкории Thomson Media ва АМВАОМТ маҳсуб мешавад, ки дар доираи лоиҳаи ИА “Тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон” сурат мегиранд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, тавассути АМВАОМТ дар ҳамкорӣ бо Томсон Медиа ва Маркази ҳимояи ҳуқуқии “Адвокати ту” амалӣ мешавад.


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима