Фишор ба хабарнигорон ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир мегузорад?
Вақтҳои охир фишори равонӣ ва ҷисмонӣ нисбати журналистони тоҷик зиёд ба назар мерасад. Намунаи онҳо қазияи хабарнигор Далер Шарифов, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқири хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа ва лату кӯби хабарнигори Азия плюс Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст. Мо аз журналистон пурсидем, ки чунин қазияҳо ба вазъи журналистикаи тоҷик чӣ таъсир гузошта метавонанд?
Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигор:
-Бе шубҳа таъсир мегузоранд. Дар кӯтоҳмуддат шояд таъсири манфӣ ва дар дарозмуддат ҳатман таъсири мусбат. Зеро бардошт дар ҷомеа чунин мешавад, ки ба ҳар сурат касоне ҳастанд, воқеиятро баён мекунанд (гарчанде "подоши баёни воқеият" мушту лагад ва таҳқиру зиндон аст). Дар дарозмуддат эътимод ва ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон меафзояд ва рӯзноманигорону расонаҳои нав вориди майдон мешаванд. Чуноне ки дар солҳои 2002-2004 мушоҳида карда будем, рӯзноманигоронро латту кӯбу таҳдид мекарданд. Натиҷааш ин шуд, ки расонаҳову рӯзноманигорони мустақил бештар шуданд. Яъне, куниши як тараф (зиндону латукӯбу таҳқир) вокуниш (ҷасорат ва шуҷоат, якдиливу ҳамраъйӣ)-и тарафи дигарро ба бор оварда буд, умедворам ин дафъа ҳам чунин шавад. Ба ҳеч ваҷҳе таҳқиру латукӯбу зиндони ҳамкасбонамро қабул надорам. Зеро ин навъи бархӯрд нишони нотавонӣ ва бешарафӣ аст. Дар ивази таҳқиру латту кӯби рӯзноманигорон вазъи сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии мардумро бояд беҳтар кунанд.
Хуршед Атовулло, раиси МТЖТ:
-Ҳеҷ таъсир намерасонад. Журналистикаи воқеии тоҷик ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст ва ин ягон таъсири равонӣ намерасонад, баръакс сафи қаҳрамононро зиёд мекунад.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси соҳаи ВАО:
-Вазъияте ки мо ҳоли ҳозир дорем,аниқ хуб нест.Бубинед, ки вақтхои охир қонунгузорҳо ҳам тағйиротҳое, ки қабул мекунанд, бар хилофи озодии баён аст. Ин фишорҳо ва тағйиротхое, ки ба қонунҳо ворид мекунанд, журналистонро ба худсензура оварда мерасонад. Имрӯз ин мушкилро (худсензура) вакилони дифоъ ҳам доранд.
Салими Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ”:
-Ба пиндошти ман, чунин корҳо ба вазъи рӯзноманигории тоҷик таъсири манфӣ доранд, зеро ҳадаф аз онҳо тарсондан ва дилсард кардани хабарнигорон аст. Аммо осебе, ки умуман ба ҷомеа расонда мешавад, ба маротиб бузургтар аст, зеро эҳтироми қонун ва одоби инсониро аз байн мебаранд. Шояд касоне ҳастанд, ки мехоҳанд вокуниш ба сухани матбуот на посухи бодалел, балки мушту лагад, на гуфтугӯи ҳуқуқию додгоҳӣ, балки фотошопи таҳқиромез бошад. Ин ё аз сатҳи фарҳангист ё аз он ки далели радкунанда дар даст нест. Дар натиҷа ба решаи қонунсолорӣ ва фарҳанги баҳс зарба зада мешавад, ки пайомади хубе нахоҳад дошт.
Илҳом Ҷамолиён, журналист
-Ҳодисаҳои мазкур на танҳо як навъ фишору тарсонидани хабарнигорон аст, балки онҳо то андозае ба вазъи журналистикаи тоҷик, бахусус рушди журналистикаи босифат зарбаи ҷонкоҳ мезананд. Барои касе пӯшида нест, ки дар баробари пайдоиши хабару иттилооти ҷаълӣ ва фаъол гардидани "фейк"-ҳо сифати журналистика хеле коҳиш ёфт. Мусаллам аст, ки ингуна вазъият дар пешорӯи амнияти иттилоотӣ паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт. Фишори равонӣ ва ҷисмонӣ нисбати журналистон бешак як андоза тарсу ҳарос ва дилхунукиро миёни журналистон ба миён меорад ва ин амр маҷбур мекунад, ки рӯзноманигорони мустақил ё касби худро дигар кунанд ё кишварро ба хотири қути лоямут тарк намоянд. Ин омил бешак ба коҳиши журналистикаи босифат дар кишвар бетаъсир нахоҳад буд. Таъмини амнияти иттилоотӣ ва муқовимат бо набардҳои иттилоотиро бидуни журналистикаи босифат пеш бурдан амри маҳол аст. Ин як ҳақиқатест, ки ақли солим онро қабул дорад ва эътироф накардани он ситезаи беҳуда ва камоли беқлист.
DPF
16.06.2020 13:44
110
Хабарҳо