Дилафрӯз Рустамова, ки ноиби декани факултаи журналистикаи ДМТ буд, моҳи марти соли равон ба мақоми мудири Радиои Тоҷикистон таъйин гардид ва феълан вазифаи ноиби раиси Кумитаи телевизион ва радиоро гирифт.
Шамсуддинзода Субҳиддин, ки то ҳол мудири шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" буд, муовини аввали Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Бо қарори Ҳукумат, Субҳиддин Шамсуддинзода, дар мақоми муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозодаро иваз кард.