Дар Тоҷикистон журналистонро барои иттилооти “хато” ва “дуруғин” оид ба COVID-19 ҷарима мебанданд. Ин чӣ маъно дорад?
     TJ RU EN
09:37 / 2024-11-16

Дар Тоҷикистон журналистонро барои иттилооти “хато” ва “дуруғин” оид ба COVID-19 ҷарима мебанданд. Ин чӣ маъно дорад?

Вакилони Тоҷикистон ба  кодекси  маъмурӣ ва ҷиноии кишвар тағйирот ворид карданд, аз ҷумла  дар радифи дигар тағйиротҳо, барои ВАО- е, ки иттилооти “носаҳеҳ” ё “дуруғ” оид ба коронавирус паҳн менамоянд, ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст Ҷаримаҳои пулӣ  метавонанд дар нисбати шахсони физикӣ ҳам  амалӣ гарданд. «Новый репортер»  якҷоя бо ҳуқуқшиноси расонаҳо Ранжет Ятимов талош карданд, ки ба ин навовариҳо сарфаҳм  раванд. Гап сари чист? 10 июн дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон вакилон ба кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар ислоҳот ворид намуданд. Дар ислоҳоту тағйирот ба кодекси ҷиноӣ  барои” амдан паҳн намудани бемориҳои сироятӣ”  ҷазо пешбинӣ шудааст ва дар тағйирот ба кодекси маъмурӣ ҷазо барои риоя накардани масофаи иҷтимоӣ ва саркашӣ аз пушидани ниқоб дар ҷойҳои  ҷамъиятӣ. Ҳамчунин  вакилон иловаҳоро ба Кодекси қонунвайронкунии маъмурии кишвар,қабул намуданд, ки ба журналистону болгнависон  рабт дорад. Акнун барои интишори иттилооти носаҳеҳ ва дуруғин  оид ба Ковид-19 тавассути расонаҳо муҷозоти ҷаримавӣ аз 580  сомонӣ барои шахсони физикӣ ва  то 11,6 ҳазор сомонӣ( 1160 доллар) барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Дурустии “ дақиқият” ва “рости”-и иттилоотро дар ВАО  кӣ қазоват мекунад? Дастаи коршиносон вуҷуд надорад. Ба гумони ғолиб  иттилооти “ дуруст” ва “саҳеҳ” ҳамон маълумоте шумурда мешавад, ки сохторҳои давлатии салоҳиятдор пешниҳод мекунанд, монанди Вазорати тандурустӣ ва  сохторҳои зертобеи он ва штаби ҷумҳуриявии мубориза  бо кароновирус. Дигар тамоми иттилооти марбут ба КОВИД-19 нодуруст ва дуруғ ҳисобида мешавад. Ин равандро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳаққи тартиб додани санад доранд , назорат хоҳанд кард ва  ин дар ҳолест ки Вазорати тандурустӣ метавонад ташаббускори ба ҷавобгарӣ кашидани дигарон  бошад, агар маълумоти нашршуда бо маълумоти худи  вазорат мувофиқат накунанд. Масалан,  ишора ба сомонаи фаъолоне, ки дар он  омори алтенативӣ  оид ба фавтидагон аз КОВИД-19 гирдоварӣ мешавад, акнун мавриди ҷаримабандӣ қарор мегирад. Агар дар матолиби расонаҳо иштибоҳ шуда бошад чӣ, фарвран ҷарима мешавад? Қонунгузор  нисбат ба  иштибоҳот  дар расонаҳо бояд аз принсипи инсонпарварона кор бигирад, ки эҳтимоли сар заданаш бо сабаҳои техникӣ ё омили  инсонӣ  имкон дорад ва дафъаи якум бояд огоҳ намояд ва баъдан ҷарима бандад. Аммо аз маълумот дар бораи тағйиру ислоҳоте, ки алҳол дорем, фаҳмо нест, ки он дар амал чи гуна рух медиҳад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои нашри иттилооте, ки бо додаҳои Вазорати тандурустӣ мувофиқат намекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шудан метавонанд? Бале, метавонанд. Дар соли 2018 ба моддаи 179 кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар бораи “ Даъватҳои оммавӣ барои иҷрои ҷиноятҳои характери террористӣ дошта  ё сафедкунии оммавии фаъолиятҳои террористӣ” ибораи “дар шабакаи интернет”-ро илова намуданд ва корбарони  маъмулии шабакаҳои иҷтимоӣ барои лайку шарҳҳо ба ҳабс гирифта шудаанд. Тағйироту ислоҳҳотҳои феълӣ муъҷиби ҷазои ҷиноӣ намешаванд. Вале агар корбар пост ё шарҳе бинависад, ки  маълумоташ  ба маълумоти расмӣ мувофиқат намекунад, метавонад  ҷарима шавад. Яъне тамоми он сужетҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба шароити бади беморхонаҳо, муроҷиатҳои гирифторони бемории КОВИД-19  оид ба кумакҳо, ки  аз оғози эпедемия медидем, акнун бо кодекси маъмурӣ  манъ шудаанд. Дар мавриди  онҳое, ки ба рузноманигорон мегуянд ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гирифтори КОВИД-19 ҳастанд, метавон сухани  онҳоро будуни хафи муҷозот шудан истифода кард, ё аз бемохона бо ташхиси тасдиқшуда маълумотнома гирифтан зарур аст? Чунин маълумотро дар расонаҳо ё мақолаҳо истифода кардан мумкин аст, фақат ба шарте ки маълумотнома оид ба беморӣ вуҷуд дошта бошад. Дар акси ҳол метавонанд ҳам мусоҳиб ва ҳам рузноманигорро ҷарима банданд. Агар ВАО аз ибороти “эҳтимолан (фалонӣ) ба бемори КОВИД-19 гирифтор шудааст” истифода баранд, ин онҳоро ҳимоя  мекунад? Агар ин тахминро коршиноси расмӣ ва салоҳиятдор гуяд.  Журналистон барои тахминҳои худашон ҷавобгаранд. Бо матолиби ҳамкасбони хориҷӣ чи бояд кард: бознашри мақолаҳои таҳлилӣ бо нишон додани манбае, ки  маълумоташ аз маълумоти расмӣ  фарқ мекунад, иҷозат аст? Агар ВАО аз маводи бегона истифода  намуда , манбаъро нишон медиҳанд,  ҷавобгарӣ надорад. Аммо дар ҳамон  матлаб нашр кардани маълумот расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон зарур аст. Дар ҳоле ки далелсанҷон маълумоти расмиро рад кунанд ва ВАО ё блогнависон натиҷаи кори онҳоро нашр кунад, ҷаримабандиҳо сурат мегиранд? Барои чунин  мақолаҳо, ба гумони ғолиб, ҷаримабандиҳо сурат мегиранд, зеро далелсанҷонро лозим меояд, ки дар таҳлил на танҳо аз додаҳои расмӣ, балки аз додаҳои манбаҳои берунае ҳам истифода барад, ки онҳоро метавонанд носаҳеҳ ва дуруғин баҳогузорӣ кунанд. Хуллас, ҳамааш аз он вобаста аст, ки ин қонунҳо чи тавр дар амал татбиқ карда мешаванд. https://newreporter.org/tj/2020/06/12/dar-tojikiston-zhurnalistonro-baroi-ittilooti-xato-va-durugin-oid-ba-covid-19-jarima-mebandand-in-chjj-mano-dorad/

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима