15 созмони ҷамъиятӣ аз ҳукумат хостанд, ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагӣ кунад
     TJ RU EN
09:52 / 2024-11-16

15 созмони ҷамъиятӣ аз ҳукумат хостанд, ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагӣ кунад

15 созмони ҷамъиятӣ ва як гуруҳ хабарнигорон аз Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур, Додситони кулл ва Омбудсмен хостанд ба қазияи латту кӯби рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ расидагии қонунӣ шавад. Созмонҳои ҷамъиятӣ тақозо карданд, ки ба таҷрибаи таъқиби рӯзноманигорон дар кишвар поён дода шавад ва давлат ба санадҳои байналмилалии озодии баён пойбанд бимонад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони хабаргузории "Азия-Плюс" моҳи гузашта ду маротиба мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аз ин ҳодиса нигаронӣ карданд.

15 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла Анҷумани "Нозирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Апейрон", "Дунёи ҳуқуқ", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Нотабене" ва ғайра рӯзи 3-юми июн бо ирсоли як мактуб ба мақомот гуфтаанд, аз ду маротиба латту кӯб шудани рӯзноманигор нигарон ҳастанд.

Ин созмонҳо навиштаанд, "таъқиби рўзноманигорон вобаста ба амалисозии фаъолияти рўзноманигориашон, инчунин зоҳир накардани вокуниши лозимаву нагузаронидани тафтиши дилхоҳ ҳолати ҳамла ба рўзноманигорон ва намояндагони ВАО метавонад ба бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, худсонсурӣ ва паст гардидани фаъолнокии рўзноманигорон ва ВАО дар кишвар оварда расонад". Ба таъкиди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, "беҷазоӣ фазои тарсро ба вуҷуд меорад".

Хабарнигори ҷавон Абдуллоҳ Ғурбатӣ бори аввал рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе ва бори дуввум рӯзи 29-уми май дар ноҳияи Хуросон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Омилони ҳодисаи аввал то ҳол маълум нестанд.

Дар латту кӯби дуввуми Абдулло Ғурбатӣ се нафар сокини ноҳияи Хуросон гунаҳкор эълон шуда, аз сӯи додгоҳ 580 сомонӣ ҷарима шуданд. Додгоҳ ин афродро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдаавбошӣ муттаҳам кард.

Дар ҳоле, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, омилони ин ҳамлаҳо бояд бар моддаи 162-и Кодекси ҷиноӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рўзноманигорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд.

Ин созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамчунин навиштаанд, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои фаъолияти рӯзноманигориаш муҷозот нашавад.

Ду ҳодисаи ҳамла ба хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ натанҳо дар дохил, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳам маҳкум шуда буд. Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо бо нигаронӣ аз ҳодиса фишор ба хабарнигорон гуфтанд, давлати Тоҷикистон бояд барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам биорад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ҳодисаҳои ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бархӯрди дугона доштанд. Вазорати корҳои дохилӣ ба думболи ҳодисаи аввали латту кӯби хабарнигор дар рӯзи 11-уми май гуфта буд, тафтишот "таҳти назорати доимии роҳбарияти ВКД қарор дорад".

Аммо дар ҳодисаи дуввуми ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ баръакс Вазорати корҳои дохилӣ худи хабарнигорро ба вайрон кардани дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии сокинони зарардаи Хуросон муттаҳам кард. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомро рад намуд ва Додгоҳи ноҳияи Хуросон низ рӯзи 3-юми июн мавқеи ВКД-ро тасдиқ накард.

https://www.ozodi.org/a/30649845.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима