Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се сокини ноҳияро барои ҳамла ба хабарнигори "Азия-Плюс" Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷарима баст. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, ҳамлаварон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва ҳар кадом ба пардохти 580 сомонӣ муваззаф гардиданд. Қарори додгоҳ рӯзи 2-юми июн содир шуд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ 29-уми май, вақте барои таҳияи гузориши видеоӣ ба маҳалли селзада дар ноҳияи Хуросон рафта буд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.
Селу лағжиши кӯҳ дар рӯзҳои 14 ва 15-уми май дар ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон даҳҳо хонаро пурра ва даҳҳо манзили дигарро қисман вайрон кард ва боис ба марги ду нафар шуд. Феълан беш аз сӣ хонавода дар хаймаҳо ба сар мебаранд.
Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, пеш аз мурофиа шиносоии ҳамлаварон сурат гирифт ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳоеро, ки ӯро зери мушту лагад гирифта буданд, шинохт. "Онҳо сокинони ноҳияи Хуросон Сӯҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов ҳастанд", - афзуд ӯ.
Ба қавли вакили мудофеъ, ҳамлаварон дар мурофиа гуфтаанд, "онҳо Абдуллоҳро бо дастгоҳи сабт дида, хостаанд, сокнинони хаймаҳоро ба навор нагирад. Байни онҳо моҷаро бархестааст ва яке аз онҳо Ғурбатиро задааст. Онҳо гуфтанд, аз видеои зане, ки дар кӯча гиря мекард, асабӣ шуда буданд."
Абдуллоҳ Ғурбатӣ шаби 2-юми июн дар баёянияе гуфт, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Хуросон, "яъне тъаини ҷарима ба маблағи 580 сомонӣ барои таҳқир, туҳмат ва латту кӯби банда дар вақти адои вазифаи касбӣ розӣ нестам". Вай афзуд, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят мекунад, "то ҳамлаваронро бо ҷурми дахолат ба фаъолияти касбии ман ба баррасӣ бигиранд".
Ҳамагӣ чанд соат пеш аз содир шудани қарори додгоҳ раиси ноҳияи Хуросон ба чанде аз хабарнигорону раҳбарони созмонҳои журналистӣ ваъда дод, гунаҳкоронро ёфта ҷазо медиҳанд. Раҳматулло Сафарзода рӯзи 2-юми июн гуфт, "касе ин корро кардааст, пайдо мешавад."
Вай айни замон афзуд, хабарнигорон дар баробари камбудҳо бояд пуштибонии ҳукуматро аз селзадаҳо низ бозтоб диҳанд.
Гурӯҳе аз хабарнигорон бо раҳбарии Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи дувуми июн ба ноҳияи Хуросон рафтанд.
Ин сафар баъди он сурат гирифт, ки гӯё чанде аз сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон дар номае хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ба сабти бе иҷозаи дохили хаймаҳояшон айбдор карданд. Айни гапро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш навишт. Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, латту кӯби ӯ пеш аз он ки ба хаймаҳо наздик шавад, сурат гирифт ва фарзияи расмиро бепоя хонд. Вай шаби 2-юми июн аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ хост, барои навиштаи худ дар сомонаи расмии вазорат узр бипурсанд.
Чанде аз сокинони маҳалли селзада рӯзи 2-юми июн ба хабарнигорон гуфтаанд, ки зери ҳеч номае имзо нагузоштаанд.
Хабарнигорону созмонҳои журналистӣ низ муҳтавои нома ва имзоҳои зери онро таҳти шубҳа бурданд. Қаршибоев мегӯяд, чанде аз имзои зери нома ба якдигар монанду сохта аст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май низ ҳангоми рафтан ба хона дар наздикии бозори “Корвон”-и Душанбе аз сӯи ду нафари ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Вай бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад.
Чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамла ба хабарнигори тоҷикро маҳкум карда, аз мақомот хостанд барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам биоранд.
https://www.ozodi.org/a/30648715.html