Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзияи ВКД-ро дар бораи сабабҳои латукӯб шуданаш рад кард
     TJ RU EN
09:50 / 2024-11-16

Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзияи ВКД-ро дар бораи сабабҳои латукӯб шуданаш рад кард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори "Азия-Плюс", ки рӯзи 29-уми май ҳангоми таҳияи гузориш аз маҳалли офатзадаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аз ҷониби афроди номаълум латукӯб шудааст, мегӯяд, гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин воқеа асос надорад.

Дар гузориши вазорат, ки рӯзи 30-юми май дар сомонаи он нашр шуд, гуфта мешавад, рӯзноманигор "бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шавад ва ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта, гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд. Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда, нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ин нуктаҳоро рад карда, гуфтааст, латукӯби ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ҳанӯз ба хаймаҳо наздик ва бо одамон ҳамсуҳбат нашуда буд.

Дар гузорише, ки "Азия-Плюс" шоми 30-юми май нашр кард, изҳороти хабарнигор оварда мешавад, ки гуфтааст: «Субҳи 29-уми май, тақрибан соати 7-и саҳар, ман бо супориши идора ба Хуросон рафтам, то дар бораи вазъи иҷтимоии оилаҳои аз обхезӣ зарардида гузориш диҳам. Дар соати 8-и 42 дақиқа ман ба он ҷо расида, сӯи хаймаҳо рафтам. То онҳо 100-150 метр монда буд, ки дар назди ман автомашинаи «Опел Астра» (корвон) бо рақами давлатии 1680 АП 03 истод."

Ба гуфтаи ӯ, аз мошин се мард берун омаданд ва ӯро пурсиданд, ки кисту куҷо меравад. "Вақте ки ман худро муаррифӣ кардам ва мақсади омаданамро гуфтам, мард дағалона гуфт: "Дар ҳамин аҳвол ту омадаӣ, ки иғвоандозӣ кунӣ?" Ман бори дигар шарҳ додам, ки журналист ҳастам ва омадам, ки гузориш таҳия кунам. Вақте пурсидам, ки шумо кистед, ин мард худро раиси ҷамоат номид ва бо оҳанги дурушт гуфт, барои наворбардорӣ бояд аз ӯ иҷозат гирам. Ман посух додам, ки ӯро намешиносам ва ҳам ҳанӯз ба хаймаҳо наздик нашудаам ва аз рӯйи қонун зарурат надорам шахсан аз ӯ иҷозат гирам", - гуфтааст Абдуллоҳ Ғурбатӣ.

Марде, ки худро "раиси ҷамоа" номида буд, чизе гуфтаву рӯй гардондааст ва дар ин пайт яке аз ҳамроҳони ӯ ба сару рӯйи рӯзноманигор мушта зада, ӯро аз пой афтондааст. "Вай маро бо мушту лагад то замоне зад, ки аз даҳонам хун омад. Ҳамаи инро зане бо кӯдакаш, ки 50 метр аз мо дуртар буданд, медид."

Аммо дар гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ "ба монеъ шудани сокинон нигоҳ накарда бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид. Дар натиҷа миёни сокинон ва Абдулоҳи Ғурбатӣ муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид."

Дар навбати худ рӯзноманигор мегӯяд, базӯр аз ҷой бархоста, дар ҳоле ба наворгирӣ сар кард, ки се мард ба мошин менишастанд. Баъдан пирмардони маҳалла ба ӯ кумак кардаанд, то захмҳоро бо спирт пок кунад. Баъдан талош кардааст, ба ВКД занг занад, аммо муваффақ нашудааст. Ба раҳбарони идорааш занг зада, воқеаро баён доштааст.

Дар шуъбаи маҳаллии умури дохилӣ аризаи ӯро пазируфта, телефонашро низ гирифтаанд, вале ҳангоми бозгардондани телефон маълум шудааст, ки вуруд ба он баста шудааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки мутахассиси дигар аз Душанбе меояд ва телефонро боз мекунад. Қарор аст, аз рӯйи навори телефон гумонбарони латукӯби журналист шиносоӣ шаванд. Аммо ВКД намегӯяд, оё соҳиби автомашинаи «Опел Астра» бо рақами давлатии 1680 АП 03 - ро пайдо кардааст ё не. Дар ҳоле ки қарор буд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 30-юми май барои шиносоӣ кардани гумонбарон ба ноҳияи Хуросон мерафт, бо дидани гузориши ВКД дар бораи қазия аз сафар худдорӣ намуд ва бо машварати вакил аз ташхиси тиббӣ гузашт ва акнун мехоҳад, бо мадади мутахассис телефони худро боз кунад.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот ҳамла ба хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард ва аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар ин замина таҳқиқи пурра анҷом диҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳарлем Дезир 29-уми май дар Твиттер навишт, аз ин ҳамла "нигарон аст". "Рӯзноманигорон ҳангоми бозтоби мавзуъҳое, ки ҷомеа ба он алоқаманд аст, бояд эмин бошанд", - гуфт ӯ.

"Азия-Плюс", Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, созмони Хома, Эътилофи бонувони журналист ва ҳафт рӯзноманигори тоҷик низ дар изҳороте гуфтанд, латту кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар замони буҳрони коронавирус ва дар остонаи интихоботи президентӣ ба обрӯ ва эътибори Тоҷикистон зарба мезанад.

Вале ВКД Тоҷикистон дар гузориши худ гуфтааст: "Дар шароити имрӯз бинобар сабаби доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус, ки рӯҳияи мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳонро як ҳисси изтиробу ташвиш фаро гирифтааст, аҳли ҷомеа, бахусус хабарнигорон, ки инъикоскунандаи ҳаёти ҷомеа мебошанд, бояд яъсу ноумедӣ ва рӯҳафтодагиро бо сеҳри сухани худ бартараф сохта, ҳамчун чароғи умед дар қалбҳои одамон умеди онҳоро ба фардо рушан кунанд."

Ҳанӯз ВКД дар бораи натиҷаҳои ҷустуҷӯи гумонбарони ҳамла ба журналист хабаре нашр накардааст. Ин ниҳод рӯзи 15-уми май эълом дошта буд, ки гумонбарони ҳамлаи аввал ба Абдуллоҳ Ғурбатиро меҷӯяд, аммо ҳанӯз онҳоро пайдо накардааст.

https://www.ozodi.org/a/%D0%B0%D0%B1%D0%B4%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE%D2%B3-%D2%93%D1%83%D1%80%D0%B1%D0%B0%D1%82%D3%A3-%D1%84%D0%B0%D1%80%D0%B7%D0%B8%D1%8F%D0%B8-%D0%B2%D0%BA%D0%B4-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B0%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D0%B1%D2%B3%D0%BE%D0%B8-%D0%BB%D0%B0%D1%82%D1%83%D0%BA%D3%AF%D0%B1-%D1%88%D1%83%D0%B4%D0%B0%D0%BD%D0%B0%D1%88-%D1%80%D0%B0%D0%B4-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4/30643574.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима