Наргис Тоймастова, равоншинос, роҳбари маркази психологии “Алифбои шахсият”, дар вебинарии махсуси Интернюс дар Тоҷикистон, рӯзи 25 июн дар бораи тарзи рафъи стресс, ки дар ҷараёни иттилооти манфӣ ба вуҷуд меояд ва чӣ гуна эҳсосоти изтироб пайдо шуда, бо он чӣ бояд кард нақл кард.
Стресс (изтироб) – ин ҷавоби организм ба таъсири муҳит (рӯйдод, одамон, муносибат ва ғ) аст. Феълан замони пандемия аст ва ин ба психологияи ҳад одам ҳар гуна таъсир мерасонад. Аз оғози пандемияи COVID-19, рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, маҷбур шуданд, ки ҳамарӯза бо иттилооти зиёд дар бораи ин беморӣ кор кунанд. Онҳо пешгӯиҳои мутахассисонро пайгирӣ мекунанд, бо духтуроне, ки дар шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ кор мекунанд ё бемороне, ки ин маризиро аз сар гузаронидаанд, суҳбат мегиранд. Дар аксар маврид ин маълумот характери манфӣ дорад ва кори ҳамарӯза бо он ба ҳолати стресс оварда мерасонад.
Чӣ гуна дарк кард, ки инсон стресс дорад?
Агар ба ингуна ҳолатҳо дучор омада бошед, стресс гирифтаед:
Организми инсон якхел сохту фикрронӣ дорад ва стресс ҳам барои ҳама якхел мегузарад. Вале стресс барои рӯзноманигорон дорои якчанд хусусият аст: