Намояндаи САҲА: “Аз ҳамлаи хушунатомез ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ваҳшатзадаям”
     TJ RU EN
08:28 / 2024-11-16

Намояндаи САҲА: “Аз ҳамлаи хушунатомез ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ ваҳшатзадаям”

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир имрӯз, 12-уми май дар мавриди ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” як баёния нашр кардааст. Ӯ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кардааст.

“Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май ваҳшатзадаям. Ман аз мақомот даъват мекунам, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил иттилоърасони калидӣ барои ҷомеа мебошанд, хусусан, дар замони бемории ҳамагир”, - навишта шудааст дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter.

Ёдрас мекунем, шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ниқобпӯш бе ягон сабаб дарафтоданд.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад.

Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок карда буд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200512/namoyandai-saa-az-amlai-hushunatomez-ba-abdullo-urbat-vashatzadayam


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима