Изоҳроти Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон
Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз қазияи мавриди лату кӯб қарор гирифтани хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия Плюс” – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки боиси дар ҷомеа паҳн шудани тахмину гумонҳо ва осеби ҷисмонӣ гирифтани рӯзноманигор шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд.
Шӯро аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати дар чорчӯбаҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунсифона баррасӣ намудани ин қазия, муқаррар намудани сабаб ва заминаҳои ин амали ғайриқонунӣ ва дарёфту ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ин ҳодиса дар доираи салоҳияти худ иқдом кунад.
Итминон дорем, ки омилони ин ҳодиса дар наздиктарин фурсат ошкор мешаванд ва қазия халли худро хоҳад ёфт.
http://mediacouncil.tj/2020/05/13/izohroti-shuroi-vositahoi-ahbori-ommai-tojikiston/
DPF
15.05.2020 15:58
102
Хабарҳо