Прокурори генералӣ ҳангомасозонро ҳушдор дод
     TJ RU EN
12:40 / 2024-11-30

Прокурори генералӣ ҳангомасозонро ҳушдор дод

Юсуф Раҳмон прокрори генералии Тоҷикистон ҳангомасозон ва дуруғ афканонро дар чунин вазъияти ҳассос ҳушдор дод, ки дар сурати беасос паҳн намудани овоза муҷозот хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии Прокуратураи генералӣ, вобаста ба масъалаҳои паҳншавии овозаҳои бардӯрӯғу ҳангомаҳо атрофи вазъи мубориза бо пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

“Дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад”, — таъкид шудааст дар изҳороти матбуотии Прокуратураи генералӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, овозаҳои зиёд шудани ҳодисаҳои фавт аз CОVID-19, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ асоси воқеӣ надоранд.

Аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки дар ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунанд.

Таъкид мешавад, ки ҳамаи арзу шикоят ва пешниҳодоти худро шаҳрвандон тариқи телефони боварии 235-11-11, ки шабонарӯзӣ фаъол аст, баён карда метавонанд.

https://pressa.tj/tajikistan/prokurori-general%d3%a3-%d2%b3angomasozonro-%d2%b3ushdor-dod/


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима