Баъди гузориши коронавирус журналистони рус аз парвонаи кор дар Беларус маҳрум шуданд
Мақомоти Беларус ду журналисти русро баъди нашри хабари афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус аз аккредитатсия маҳрум карданд. Вазорати хориҷаи Беларус дар Минск шарҳ надод, ки сабаби боздошта шудани парвонаи кори рӯзноманигор Алексей Кручинин ва наворбардор Сергей Панасюк, кормандони шабакаи аввали ТВ Русия чӣ аст. Вале дар гузориши ТВ давлатии Беларус дар шарҳи гузориши ТВ Русия журналистон ба пахши хабарҳои дурӯғин муттаҳам шуданд. Шабакаи аввали Русия иқдоми мақомоти Минскро “беасос” номида, дар вокуниш ба Радиои Озодӣ рӯзи 7 май гуфтанд, ки ин масъала “дар сатҳи дипломатӣ ҳам бардошта мешавад”. Шабакаи аввали Русия гуфт, ки баъди қарори мақомоти Беларус Кручинин ба Маскав парвоз кард, вале оилааш дар Беларус мемонад. Беларус гуфт, ки то 6 май дар ин кишвар 19.255 ҳодисаи олудагӣ ва 112 ҳодисаи марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Президент Аляксандр Лукашенка барои ночиз гирифтани пандемия мавриди интиқод мебошад.
https://www.ozodi.org/a/30599050.html
DPF
08.05.2020 13:53
99
Хабарҳо