Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар
     TJ RU EN
10:43 / 2024-11-30

Муроҷиати Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҷомеаи журналистии кишвар

Вируси COVID-19 имрўз мушкилест, ки бештари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, иқтисоди дунёро ба зону шинонданист. Дар баробари кишварҳои фақиру рӯ ба рушд, ҳамчунин кишварҳои пешрафтаву абарқудрат ҳам ба ин вирус гирифторанд ва замонати ҳеч фарду кишвареро касе дода наметавонад, ки гирифтори он мешавад ё не. Расонаҳову рӯзноманигорон баъди пизишкон дар хатти аввали мубориза бо короновирус қарор доранд ва бо огоҳидиҳиву иттилоърасонӣ барои наҷоти инсонҳо талош мекунанд. Вале огоҳидиҳиву хабаррасонӣ дар матолиби расонаҳо бояд бисёр дақиқкорона, дурусту санҷидашуда ва мутобиқ ба стандартҳои рӯзноманигорӣ ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ бошад. Зеро ин беморӣ агар худ як мушкил барои башарият бошад, ҳангомаву ваҳмафканӣ метавонад муқовимати кишварҳову инсонҳоро ба он душвортар кунад.

Аз ин рӯ, Шӯро аз ҳамаи расонаҳову рӯзноманигорон даъват мекунад, ки дар ин шабу рӯзи барои тамоми кураи замин душвор пойбанд ба хабаррасонии бомасъулият, ҳақиқатнигорӣ ва бетарафиву беғаразӣ бошанд. Аз пахшу нашри матлабу хабарҳои бардурӯғ (фейк), носанҷида, нотаъйидшуда, ғайрирасмӣ ва носаҳеҳ худдорӣ кунанд. Расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро танҳо ва танҳо ба сифати минбаре барои ҳақиқатёбӣ ва халосии мардум аз ин бемории ҳамагир истифода кунанд.

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон аз тамоми расонаҳо ва рӯзноманигорон даъват мекунад, ки дар замони ҳамагирии COVID-19, ки мушкили азиме барои сайёра аст, зимни инъикоси мавзуъҳои марбут ба ин беморӣ, меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигориро риоя кунанд.

Ҳамчунин Шӯро ВАО-и Тоҷикистон аз ҳамаи ниҳодҳои масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ даъват мекунад, ки кору заҳмати расонаҳову рӯзноманигоронро дар муқовимат бо короновирус кам нагиранд ва ба ҳуқуқи дастрасии ҷомеаи журналистӣ ва шаҳрвандон ба иттилоот арҷ гузоранд, ба фаъолияти ҳирфаии расонаҳову рӯзноманигорон монеа эҷод накунанд, аз иқдомҳое мисли фосилагирӣ ва фурсатталабӣ парҳез кунанд, то боиси дар ҷомеа паҳн гардидани тахмину фарзияҳои беасос нагардад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бар ин аст, ки мо ҳама дар ҳамраъйи ва ҳамкорӣ метавонем бо бархурди масъулонаи худ бар ин беморӣ пирӯз шавем.

http://mediacouncil.tj/2020/04/16/murojiati-shuroi-vao-i-tojikiston-ba-jomeai-zhurnalistii-kishvar/


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима