3 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмиллалии озодии матбуот ҷашн гирифта мешавад
Тоҷикистон низ аз соли 1991 инҷониб Рӯзи байналмиллалии озодии матбуотро ҷашн мегирад. Дар ин рӯз ҳамасола ташкилотҳои журналистӣ конфронсу “мизи гирд” ташкил менамоянд ва ҷомеаи журналистон гирди ҳам омада аз дастовардҳо ва мушкилоти журналистикаи тоҷик мегӯянд.
Коршиносон вазъи озодии баёнро дар Тоҷикистон номӯътадил арзёбӣ мекунанд ва дар такя ба фишорҳои солҳои охир мегӯянд вазъи журналистикаи тоҷик на он қадар хуб аст.
Соли 2020 дар самти озодии баён дар кишвар якчанд маҳдудиятҳо сурат гирифт. Масдуд кардани хабаргузории “Азия плюс”, фишор ба Радиои “Озодӣ” ва боздошти рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов аз шумори ҳамин маҳдудиятҳост.
Аслан масдуд кардани хабаргузории “Азия плюс” ду се сол қабл оғоз шуда буд, аммо имсол дар дилхоҳ вақт ин сомона масдуд мегардид, ки дар натиҷа ҳуқуқи дастрасӣ ба иттиллот нақз мегардад.
Имсол якчанд кормандони Радиои “Озодӣ” бинобар нагирифтани иҷозатномаи кор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ аз фаъолият бозмонданд. Баъди муроҷиати президенти Радиои “Озодӣ” Ҷейми Флай ба Президенти Тоҷикистон ва дахолати созмонҳои ҷаҳонӣ қисми хабарнигорон иҷозатномаи кор гирифтанд, вале қисми дигар то ҳол бидуни иҷозатнома монданд.
Боздошти Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қазияи пурсарусадотарин дар соли 2020 буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ онро нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва се моҳ дар боздошт қарор дошт.
Рӯзи 16 апрел суди ноҳияи Шоҳмансур Далер Шарифовро ба ҷурми барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ гунаҳкор карда, ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.
Дар арафат Рӯзи байналмиллалии озодии матбуот, коршиносон инчунин гирифтани иттилоъ аз мақомотҳои давлатиро хабарнигорон мушкили асосии журналистикаи тоҷик арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо мақомот барои додани ҳар гуна иттилоот барои журналистон худдорӣ мекунанд. Ҳатто дар ҳолати равон кардани дархостҳои расмӣ дар вақти муайяншуда посух намедиҳанд.
Бархе коршиносон бар он назаранд, ки маҳз маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон ба кам шудани шумораи расонаҳо ва худсензураи журналистон сабаб мешавад.
Ёқуб Ҳалимов рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, озодии матбуот маънои онро дорад, ки ба фаъолияти расонаҳо танҳо қонун ва кодекси меъёрҳои ахлоқӣ бояд дахолат кунад. Чизе ки мутаассифона, дар Тоҷикистон дида намешавад. “Ба фаъолияти расонаҳо ва ҳамкасбони мо бештар дастур, амр, фармон, талаб ва хоҳишҳои дар бештари вақт хилофи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ дахолат мекунанд. Мо мебинем, балки бевосита дар ҷараён ҳастем, ки шумори расонаҳо ва рӯзноманигорон дар солҳои охир кам мешавад. Дар иваз маҳдудиятҳо меафзоянд. Иллати асосӣ ҳамин дастуру талабҳои ғайриқонунӣ ва ғайримантиқӣ ҳастанд. Як нигоҳи сатҳӣ кофист, ки ба чунин хулоса расем: дар ҳар кишвари дунё, ки мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ зиёд ва сиёсатҳо ношаффоф ҳастанд, озодии матбуот ҳатман буғӣ карда мешавад”.
Рӯзноманигор Раҷаб Мирзо мегӯяд дар мо имрӯз як суол ҷавоби худро пайдо накардааст, ки озодии матбуот бештар ба кӣ лозим аст? Ба рӯзноманигорон ё мардум? “Фикр мекунам ҷомеа ахиран бояд ба ин суоли стратегӣ посухи дақиқу мушаххас пайдо намояд. Вагарна мо боз солҳои тӯлонӣ шоҳиди бастану задану ба маҳкама кашидани рӯзномаву журналистон мегардему ҷомеаро тамошобини ин маъракаҳо”. Ба гуфтаи ӯ рисолати «ҳокимияти чорум» будани матбуот дар он сурат маълум мешавад, ки дар симои мардум ва хонандаи худ нашрияву журналистон ҳомии худро пайдо кунанд.
“Дуруст аст, ки анқариб 30 соли охир, ки мо дар шароити истиқлолият ба сар мебарем, ВАО дар баробари дигар институтҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, аммо бояд иқрор шуд, ки расонаҳои хабарӣ беш аз институтҳои дигари ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ тавони бештаре доранд. Манзурам ин аст, ки мақомоти дигар азбаски баробари «ҳокимияти чорум» тавонманд нестанд, доим дар симои матбуот заъфи худро ҳис карда, тамоми кӯшишашонро барои саркӯб кардани он равона мекунанд, ба ҷои он ки худро қавӣ созанд”.
Ӯ мегӯяд аксарият барвақт медонанд: матбуот ва журналистон ҳич гоҳ ба касе, хоса ба давлати худ зарар наовардаанд. Ҳамчунин, оё як бору ду бор дидаем, ки ин ё он мансабдор пас аз барканор шуданаш аз курсии мансаб ва ба ин ё он мушкилот гирифтор шуданаш умеди ягонаи худро маҳз дар матбуот ва журналистон пайдо кардан мехоҳанд? “Пас оинаро шикастан муҳим аст, ё ислоҳи нуқси худ? Агар мо ин мушкилотро ҳал накунем ва ба умқи маънии озодии матбуот сарфаҳм наравем, ба ҳеч гуна озодӣ ҳам намерасему танҳо ҳар 3 – май ба хотир меорем, ки матбуот бояд озод бошад”- афзуд ӯ.
Тоҷикистон дар рейтинги байналмиллалии озодии матбуоти “Гузоришгарони бидуни марз” дар байни 180 кишвар дар ҷои 161-ум қарор гирифта, аз соли 2015 инҷониб, кишвар дар ин феҳрист 45 зина поин рафтааст.
Бахши мониторингии АМВАОМТ