Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, ба як соли зиндон маҳкум шуд
Намояндаи додситонӣ рӯзи 16-уми апрел аз додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур талаб кард, ки хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Далер Шарифовро 2 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Далер Шарифов, хост, нафари зери ҳимояташро аз толори додгоҳ озод намоянд.
Интизор меравад, хабарнигори тоҷик сухани охирини худро дар додгоҳ пас аз нимрӯзии панҷшанбе баён кунад.
Мақомот Далер Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Додситон гуфт, онҳо "ҳолатҳои сабуккунандаро ба эътибор гирифта", ба хабарнигори тоҷик ду солу чаҳор моҳи зиндон хостанд. Вале қаблан Далер Шарифов ва пайвандона иттиҳомотро бепоя дониста, ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд.
Ба мурофиаи рӯзи 16-уми апрел дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бар иловаи вакили дифоъ, шоҳидон ва падару модари Далер Шарифов, ба Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ҳам иҷозат доданд, ки вориди толори мурофиа шавад. Рӯзи 15-уми апрел ба мурофиаи рӯзноманигор танҳо вакили мудофеъ, шоҳидон ва падару модарашро роҳ доданд ва тақрибан 30 нафари дигар, аз ҷумла хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, пушти дар монданд.
Қазияи Далер Шарифовро муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, Баҳодур Исозода, пеш мебарад.
Волидони Далер Шарифов, ки дар рӯзи нахустини мурофиа иштирок доштанд, гуфтанд, рӯзноманигор худро гунаҳкор намеҳисобад. Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, рӯзи 15-уми апрел ба хабарнигорон гуфт: "Далер мегӯяд китобро ба хотири он навиштааст, ки пеши роҳи терроризм гирифта шавад ва ҷавонон ба терроризм ва иғвогарон шарик нашаванд".
Далер Шарифов наздики се моҳ аст, ки дар боздошт аст ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодиашро талаб карданд. Парвандаи ӯ рӯзи 3-юми апрел ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фиристода шуд.
Хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд. Мақомот Шарифовро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам мекунанд.
Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.