Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш аз паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ оиди бемории коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намудааст.
Нигаронии Антонио Гуттериш оиди хабару гузоришҳои носаҳеҳ бобати коронавирус дар сомонаи расмии созмони мазкур нашр гардидааст. Дабири СММ дар ин робита оғози маъракаи иттилоотӣ алайҳи "пандемияи ахбори дурӯғин" - ро эълон намуд.
"Дар ҳоле, ки тамоми дунё бо пандемияи ҳалокатовари COVID-19, буҳрони душвортарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда, бо он дар набард аст, мо ҳамчунин эпидемияи дигар- эпидемияи маълумоти таҳрифкунандаро мушоҳида мекунем",-гуфта мешавад дар изҳорот. Ба қавли Антонио Гутерриш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маслиҳатҳои барои саломатӣ зиёновар паҳн шуда, фазои иттилоотӣ лабрези ахбори дурӯғин гаштааст. Ба гуфтаи ӯ ҷаҳон бояд дар муқобили ин маризӣ муттаҳид бошад. Зимнан, ӯ ташаббуси нави Созмони Милали Муттаҳидро оид ба вокуниш ба маълумот эълон намудааст. Дабири кулл талаб намудааст, ки интернет ҳар чӣ бештар бо далелҳои илмӣ пурра гардида ба даҳшати афзудаистодаи ахбори дурӯғин, муқовимат нишон дода шавад. Ӯ ҳамчунин ба рӯзноманигорон ва ашхоси дигаре, ки далелҳоро таҳқиқ мекунанд, баҳои мусбат додааст.