Сенатори амрикоӣ гуфт, аз рафтори мақомоти тоҷик бо Радиои Озодӣ ноумед шудааст
     TJ RU EN
10:04 / 2024-11-16

Сенатори амрикоӣ гуфт, аз рафтори мақомоти тоҷик бо Радиои Озодӣ ноумед шудааст

Як вакили баландпояи Амрико гуфтааст, аз аккредитатсия накардани чанде аз хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ноумед шудааст. 

Ҷим Рич, раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико рӯзи 13-уми апрел дар саҳифаи ин кумита дар Твиттер навиштааст: “Ман аз он ноумед шудам, ки президент Раҳмон ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон масъаларо ислоҳ накардаанд. Тоҷикистон бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва вазифаҳои конститутсиониаш дар назди матбуоти озодро иҷро кунад ва ба тамоми кормандони Радиои Озодӣ аккредитатсия бидиҳад, то онҳо тавонанд озоду амн фаъолият кунанд.

Ибрози ноумедии Ҷим Рич аз он сабаб аст, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, то кунун ба 8 нафар аз Радиои Озодӣ, аз ҷумла мудири муваққатии намояндагии он дар Тоҷикистон акрредитатсия ва ё парвонаи кор надодааст. Радиои Озодӣ бо вуҷуди дархостҳои батакрор дар бораи иҷозаи фаъолият ба чанде аз хабарнигоронаш ҳеҷ посухе аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нагирифтааст.

Ҷим Рич ҳамчунин дар навиштааш дар Твиттер аз номааш ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2019 ёдовар шудааст, ки дар он ҳамроҳ бо се сенатори дигари амрикоӣ аз рафтори мақомот бо хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ба онҳо надодани иҷоза ва ё парвонаи кор изҳори нигаронии амиқ кардаанд. Дар ин нома Ҷим Рич ҳамроҳ бо се вакили дигар Роберт Менендез, Марко Рубио ва Роберт Кейзӣ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардаанд, иҷозаи кор ба кормандони Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд. Дар нома аз рӯзи 25-уми октябр гуфтаанд, дуруст ҳал нашудани масъалаи фаъолияти хабарнигорони Радиои Озодӣ метавонад “аксуламале дар тақвияти муносибатҳо миёни Амрико ва Тоҷикистон” ба вуҷуд орад. Сенаторҳо изҳор доштаанд, ки "бисёр муҳим аст, ки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳо иҷозат диҳад, ки озодона фаъолият кунанд".

Баъзе аз кормандони Радиои Озодӣ бештар аз як солӣ ва ё 6 моҳ аст, ки иҷозаи кор надоранд ва чанде пеш вазорати умури хориҷӣ бе ҳеҷ шарҳе парвонаи кори ду корманди дигари дафтари радио дар Душанберо тамдид накард. Ҷеймӣ Флай, мудири Радиои Озодӣ ҳам рӯзи 30-юми март дар номае ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ноумедӣ кард. Ӯ надодани аккредитатсия ба ин ё он хабарнигори Радиои Озодиро талоши мақомот ба интихоби кормандон ва назорат ба гузоришҳои он номид.

Радиои Озодӣ яке аз расонаҳои пурбинанда ва хонанда дар Тоҷикистон аст, ки доир ба мавзӯъҳои гуногун гузориш нашр мекунад. Канали он дар Ютуб, бештар аз 1 миллион обуначӣ дорад, теъдоди корбарони саҳифааш дар Инстаграмм тақрибан 600 ҳазор нафар аст ва рӯзона хабару гузоришҳои онро дар саҳифаи Радиои Озодӣ то 200 ҳазор маротиба мехонанд, мебинанд ва тамошо мекунанд.

Дар гузашта, вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрико, Намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Умури Матбуот ва дигар созмонҳои ҳомии озодии баён дар дохил ва хориҷ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки акредитатсияро ба ҳайси абзори фишор ба хабарнигорон ва таъсир гузоштан ба фаъолияти онҳо истифода набарад.

https://www.ozodi.org/a/%D0%B8%D0%B7%D2%B3%D0%BE%D1%80%D0%B8-%D0%BD%D0%BE%D1%83%D0%BC%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D0%B8-%D0%B2%D0%B0%D0%BA%D0%B8%D0%BB%D0%B8-%D0%B1%D0%B0%D0%BB%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D0%BF%D0%BE%D1%8F%D0%B8-%D0%B0%D0%BC%D1%80%D0%B8%D0%BA%D0%BE-%D0%B0%D0%B7-%D0%B0%D0%BC%D0%B0%D0%BB%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D2%9B%D0%BE%D0%BC%D0%BE%D1%82%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD/30554397.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима