Чӣ гуна «Радиои Озодӣ» Тоҷикистонро тарсонд ва ба расонаҳо таъсир расонд
     TJ RU EN
09:51 / 2024-11-16

Чӣ гуна «Радиои Озодӣ» Тоҷикистонро тарсонд ва ба расонаҳо таъсир расонд

Бегоҳии рӯзи 5 апрел бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» гузориш дар бораи он нашр кард, ки дар шимоли Тоҷикистон як мард фавтидааст ва тамоми кормандони тиббие, ки ӯро нигоҳубин мекарданд, карантин  шудаанд. Ин хабар на танҳо дар миёни мардуми оддӣ воҳима ба бор овард, балки ВАО-ро ба  нашри як силсила мақолаҳо  ва мақомотро барои муошират бо ВАО  водор сохт. «Пас аз марги як марди 60-сола дар яке аз бемористонҳои шимоли Тоҷикистон карантини қатъӣ ҷорӣ карда шуд». Бо чунин сарлавҳа, нимашаб дар сомонаи «Радиои Озодӣ»  матлабе нашр  гардид, ки дар он хабар дода мешуд:
  • Сокини 60-солаи деҳаи Қӯрғончаи деҳшурои «Ҳаёт нав» фавтид;
  • Моҳи гузашта вай дар тӯйе дар қаламрави Қирғизистон будааст;
  • Пас аз сафар ҳарорати бадани мард баланд шуда, дар ҳолати вазнин ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов бурда шудааст;
  • Духтурон ташхис карда бемории пневмонияро муайян карданд; 31 март ӯ вафот кард;
  • 5 апрел дар кормандони тибб аломатҳои бемори пайдо шуд;
  • Дар Беморхонаи марказии ноҳиявӣ карантини қатъӣ ҷорӣ карда шуд;
  • 11 нафар кормандони беморхона ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бурда шуданд;
  • Вазъи саломатии сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббори Расулов Алишер Абдукаримов «вазнин» арзёбӣ карда мешавад;
  • На кам аз ду узви оилаи марди фавтида бо таби баланд дар беморхона мебошанд.
Ҳамаи ин маълумот бо ишора ба манбаъҳои номаълум аз «соҳаи тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон» ва инчунин ба хешовандони шахси фавтида бидуни зикри номҳо дода шудааст. Дар матлаби «Радиои Озодӣ» дар бораи он, ки бемор маҳз аз коронавирус вафот кардааст, ягон хабаре ҷой надошт, аммо ин хабар фавран ба ҳангома мубаддал гашт. Гап сари он аст, ки Тоҷикистон яке аз чанд кишварҳоест, ки дар он COVID-19 расман ба қайд гирифта нашудааст ва аҳолии ҷумҳурӣ умедворанд, ки пандемия ба онҳо таъсир намерасонад. Иттилои радиои Озодӣ, ки умеди мардумро зери шубҳа қарор медод, шабакаҳои иҷтимоиро тарконд ва рӯзноманигорони дигар нашрияҳоро маҷбур кард, ки шабро бо занг задан ба намояндагони Вазорати тандурустӣ рӯз кунанд. Тахминан соати 8-и субҳи 6-уми апрел дар сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» аввалин мақола вобаста ба ин мавзӯъ нашр гардид. Рӯзноманигорони нашрия, акнун бо ишора ба сарчашмаҳои расмӣ дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд гузориш додаанд, ки “маълумот дар бораи марги нахустин нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон асос надорад.” Мақомот гуфтанд, ки ташхисҳо  аз коронавирус дар марҳум, хешовандонаш ва кормандони тибб манфӣ буданд. Ва  маълумотро дар бораи он, ки ин мард дар Қирғизистон будааст, рад карданд. Журналистони нашрия тавонистанд бо сардухтури бемористон сӯҳбат кунанд ва ӯ ба онҳо гуфт, ки ҳамааш хуб аст, ӯ танҳо “футбол бозӣ кардааст ва каме шамол хурдааст”. “Вазорати тандурустӣ маълумотро шарҳ медиҳад” Пас аз чанд соат аз ин гузориш, намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзноманигоронро ба брифинг даъват карданд. Агар гӯем, ки мақомот аз оғози пандемия вохӯриҳоро дар чунин  формат баргузор намекарданд – хато аст, онҳо мекарданд, аммо ҳамаи брифингҳои (нодири) қаблиро худи мансабдорон оғоз мекарданд ва танҳо инаш  ташаббуси ВАО буд. Мақомот тақрибан ҳамон чизеро гуфтанд, ки дар шарҳҳо барои «Азия Плюс» гуфта буданд, ва расонаҳо ба  нашри “радияҳо” оғоз карданд. Ҳамзамон, баъзе васоити ахбори омма муқаддимаҳое оварданд  ва аз ин рӯ, комилан маълум набуд, ки воқеан чӣ рӯй дода истодааст, масалан, дар нашрияҳои «СуғдНюс» ва агентии хабаргузории «Авеста». Ҳарчанд «Спутники Тоҷикистон» дар матлаби худ кӯшиши тафсири ин муқаддимаҳоро кард, аммо қариб ҳама чизро  дар он омехта кард: «чанде пеш дар расонаҳо иттилоъ пайдо шуд, ки мақомоти Тоҷикистон беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар Хуҷанд бо сабаби марги марди 60-сола, ки аз коронавирус вафот кард, ба карантин бастанд». Яъне, беморхонаи ноҳиявӣ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аст, на дар Хуҷанд, илова бар ин, «Радиои Озодӣ» иддао накарда буд, ки бемор маҳз аз коронавирус фавтидааст. Як рӯз пас аз брифинг дар сомонаи pressa.tj, мусоҳибаи видеоии роҳбари Вазорати тандурустӣ Насим Олимзода пайдо шуд, ки вай бори дигар тезисҳои ҳамкасбонашро такрор кард. Бояд гуфт ки  вазири тандурустӣ мисли дигар мансабдорони баландпояи Тоҷикистон меҳмонони нодир дар ВАО мебошанд, алахусус барои рӯзноманигорони мустақил. Брифинги Вазорати тандурустӣ ва сипас мусоҳиба бо роҳбари он дар давоми ду рӯз (ҳарчанд дар авҷи хуруҷии пандемия бошад ҳам) натиҷаи афсонавӣ аст. Номаълум аст, ки чунин вокуниш бидуни нашри  ҳодиса дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ру медод ё на. «Озодиро бояд сӯзонд» Воқеан, тавре ки интизор мерафт, дар рафти брифинг мансабдорон на танҳо дар бораи таърихи маргу мирҳо аз пневмония сухан гуфтанд, балки як қатор рақамҳо ва маълумоти иловагӣ низ доданд, ки аз афташ худи рӯзноманигорон ба онҳо сарфаҳм намерафтанд. Масалан, онҳо ба таври муфассал дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар карантин буданд ва ҳоло ҳам дар он ҷо ҳастанд, нақл карданд. Журналистон ин рақамҳоро бо хушнудӣ интиқол медоданд, аммо онҳо чӣ маъно доранд – зиёд ҳастанд  ё кам , чӣ қадар шаҳрвандон  дар карантин дар кишварҳои ҳамсоя ҳастанд ё дигар ҷузъиётҳое, ки метавонанд ба фаҳмидан маълумот дар чунин мавридҳо кӯмак кунанд,  дар матлабҳояшон набуданд. Дар ин гузоришҳо хронологияи ҳодисаҳо низ набуд. Эҳтимол, танҳо дар матлаби аввали «Радиои Озодӣ» як пайванди замонӣ вуҷуд дошт: беморро 20 март ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд, ӯ 31 март вафот кард, 5 апрел кормандони бемористон худро бад ҳис карданд. Ин маълумот барои тасвир кардани ҳодиса бисёр кӯмак кард. Аммо вақте ки журналистон имкон пайдо карданд, ки онро аз сарчашмаҳои расмӣ дубора тафтиш кунанд, ҳеҷ кас ин корро накард. Дар ҳеҷ як мақолаи марбут ба ин мавзӯъ кӯшише барои суҳбат бо коршиносони беруна карда нашуд, танҳо шарҳҳои хушки хешовандони бемори фавтида рӯзи 8 апрел дар сомонаи «Азия Плюс» пайдо шуданд. Бо вуҷуди он ки мансабдорон исрор карданд, ки шахси фавтида ба Қирғизистон нарафтааст, ягон нашрия кӯшиш накардааст ба аудиторияаш фаҳмонад, ки деҳаи Ҳаёти Нав (ки зодгоҳи бемор аст) дар масофаи якчанд дақиқа роҳ  аз минтақаи сарҳадии Хистеварз қарор дорад, ки онро танҳо роҳи мошингард аз Қирғизистон ҷудо мекунад ва сокинони ҳарду тарафи роҳ аксар вақт бо ҳамдигар хешутаборанд, оромона ба зиёрати ҳамдигар мераванд ва ҳатто пай намебаранд, ки онҳо сарҳадро убур мекунанд. Дар ҳар сурат, пеш аз ин ҳодиса  пай намебурданд. Дар  ҳамин ҳол аудиторияро ин ҳама «раддияҳо» қонеъ карданд, мардум ба роҳат пайванд ба изҳороти  Вазорати тандурустиро ба ҳамдигар ирсол мекарданд , трафики ВАО афзоиш меёфт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто кӯшиши шуруъи хэштеги #озодиро бояд сӯзононд пайдо шуд. Дар бораи он ки “Радиои Озодӣ” воҳимачӣ ва расонаи бемасъулият аст, блогнависони ватанӣ низ навиштанд. Гарчанде, шояд, ин бори аввал аст, ки рӯзноманигорони ватанӣ кӯшиш карданд, ки дар бораи ҳодиса маълумоти дигарро гиранд. То ин дам васоити ахбори омма танҳо ба он маълумоте қонеъ буданд ки ҳукумати маҳаллӣ ҷуръа -ҷуръа  барояшон пешниҳод мекарданд . Аз рӯи хулосаи он, ки то чӣ андоза рӯзноманигорон изҳороти брифинги расмиро  фаъолона иқтибос меовардаанд ва ҳеҷ кадом суханони мансабдоронро зери суол намегузоштанд, маълум мешавад, ки барои иттилооти алтернативӣ дар Тоҷикистон  ҳатто журналистон омода нестанд. https://newreporter.org/tj/2020/04/12/chjj-guna-radioi-ozodjj-tojikistonro-tarsond-va-ba-rasonaho-tasir-rasond/

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима