RSF: Сирояти коронавирус таҳдид ба озодии баёнро бештар кард
Дар гузориши нави созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, аз бештар шудани таҳдиди коронавирус ба озодии баён дар саросари ҷаҳон ва бахусус дар кишварҳои саркӯбгаре ба мисли Чину Эрон ибрози нигаронӣ шудааст.
Дар гузориши солонаи созмон омадааст, "сирояти коронавирус бӯҳронҳои зиёди марбут ба матбуоти озодро ошкор ва вазъро аз ин ҳам шадидтар кард".
Ба навиштаи созмони муътабари журналистӣ, бархе аз режимҳо бо истифода аз пандемия "тадбирҳоеро ҷорӣ мекунанд, ки дар ҳаёти маъмулӣ татбиқ кардани онҳо имкон надорад".
Кишварҳои диктатурии Туркманистону Кореяи Шимолӣ дар зинаи поинтарин (мақоми 180-ум)-и шохис ё индекси озодиҳои матбуот ҷой гирифтаанд.
Соли чаҳорум аст, ки Норвегия дар ҷойи аввал ва Финляндия баъди он ҷой мегиранд. Русия дар мақоми 149-ум буда, ба навиштаи муаллифон, “талошҳои назорати интернет бо истифода аз василаҳои бештар”-ро идома медиҳад.
Тоҷикистон дар гузориши имсола дар мақоми 161-ум буда, кӯшиши мақомот барои масдуд кардани Интернет мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Дар гузориш, аз ҷумла омадааст, Тоҷикистон аз соли 2018 ба тарзи нави масдудкунӣ, яъне пешгирӣ аз истифодаи садшиканҳои VPN барои дастрасӣ ба матбуоти мустақиле ба монанди “Азия-Плюс” рӯ овардааст.
Дар гузориш омадааст, рад шудани ҳаққи дарёфти парвона ё аккредитатсияи журналистони ҳамкори расонаҳои хориҷӣ ва ё таҳдиди боздошти аккредитатсия дарёфти иттилоъро мушкилтар мекунад. Ба навиштаи муҳаққиқони озодии баён, аз ин назар, бахусус журналистони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон азият мешаванд.
Гузориш, инчунин, ба вуҷуди сензура дар Маҷористон (Венгрия), кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ишора карда, гуфтааст, ҳукумати нахуствазир Виктор Орбан қонун дар бораи иттилои дурӯғинро қабул кард, ки “комилан номутаносиб ва як чораи маҷбурӣ” мебошад.
https://www.ozodi.org/a/%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%88%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D0%B2-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B0%D0%B8-%D0%BE%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D0%B8%D0%B8-%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%B1%D1%83%D0%BE%D1%82-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%88%D0%B0%D1%80%D0%BE%D0%B8%D1%82%D0%B8-%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%B8%D1%80%D1%83%D1%81/30567685.html?fbclid=IwAR1k8SqJ2tsOSjnN89laQ-iWfM-eKAkaJcE0GZt6vWPcueXw9_PHEhywoFo
DPF
21.04.2020 18:41
132
Хабарҳо