Тоҷикистон сабти IMEI-и телефонҳои мобилиро ҳатмӣ кард. Амният ё назорат?
     TJ RU EN
10:02 / 2024-11-16

Тоҷикистон сабти IMEI-и телефонҳои мобилиро ҳатмӣ кард. Амният ё назорат?

Ҳукумати Тоҷикистон сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро ҳатмӣ кард. Қарор дар ин бора рӯзи 31-уми марти имсол содир шудааст.

Мақомот ҳадафи тасмимро "таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат" номидаанд. Аммо баъзе огоҳони умур чунин иқдомро роҳи дигари назорати сокинон маънидод намуда, таъкид мекунанд, ин тасмим ҳаққии шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоъ маҳдуд месозад.

Баъзе аз коршиносон гуфтанд, сабти рақами IMEI дар кишвар пайомадҳои духӯра дорад. Аз як ҷониб ҷустуҷӯ ва пайдо кардани телефонҳои дуздиро осон мекунад, аз ҷониби дигар сабти рақами IMEI телефонҳое, ки айни ҳол дар дасти мардум аст, кори саҳл нест ва маъракаи пурхарҷ хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои қарор ба Хадамоти алоқа супориш додааст, то 1-уми июн бо ҷалби сармоягузории хусусӣ "оператори системаро муайян намояд".

"Аз замони ҷорӣ намудани система, бақайдгирӣ давоми 3 моҳ ба таври пилотӣ, ройгон ва бо роҳи пайвастшавӣ (фаъолкунӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ оғоз мегардад",-гуфта шудааст дар қарор.

Баъдан бақайдгирӣ дар давоми 6 моҳ ба таври ройгон тариқи истифода аз портали ягона анҷом шуда, сипас, пулакӣ хоҳад шуд. Айни замон ҳаққи хидмат барои чунин бақайдгирӣ дар қарори ҳукумат гуфта нашудааст.

Гуфта шудааст, чунин талабот барои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ ворид карда мешаванд, ё дар қаламрави Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ҳатмӣ буда, афроде, ки онро риоя намекунанд, бар асоси қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Шакли кӯтоҳшудаи IMEI - рақами байналмилалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад.

Рақами IMEI дар қуттии таҷҳизоти ниҳоӣ навишта шуда, дар сурати дар телефон чидани рамзи *#06# низ падид меояд.

Рустам Гулов, коршиноси фановариҳои навин, ки ба ин қарор ошноӣ дорад, мегӯяд, чунин тасмим боиси нақзи ҳуқуқи дастрасии шаҳрвандон ба иттилоъ ва аз сӯи дигар як роҳи пулкоркунист.

Ӯ рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадаф зери назорат гирифтани шаҳрвандон, мукотиботи шаҳрвандон, фаъолияти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет аст, ки ба маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилоъ оварда мерасонад".

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, то ин дам агар мехостанд симкорти муштариро хомӯш кунанд. Бо татбиқи ин қарор, акнун имкон пайдо мешавад, ки пайвастшавии телефонҳои дастии шаҳрвандонро ба интернет маҳдуд созанд. "Яъне, ҳамон таҷҳизоте, ки рақами IMEl-аш сабт шудааст, ҳар замон метавонанд онро аз шабакаи опрераторе, ки истифода мебаред, қатъ намоянд. Гузашта аз ин, чунин иқдом боз як роҳи аз мардум пул кандан аст",-афзуд Рустам Гулов.

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чунин иддаоро рад намуда ва мегӯяд, ин гуна тасмим дар таҷрибаи дигар кишварҳо низ ҷой дорад, ки он ба нафъи ҷомеа мебошад. Атоев рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин қарор, таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ аз истифодаи ҳар гуна таҷҳизоти мобелии дуздидашуда аст.

Ӯ таъкид намуд, ки сокинон набояд нигарон бошанд ва ин иқдом марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд. "Ҳар нафаре, ки бо истифода аз таҷҳизоти дуздӣ ба интернет роҳ меёбад, чунин таҷҳизотро пайвастанаш ба интернет қатъ мешавад. Ин иқдом дастрасии сокинонро ба иттилоъ маҳдуд намекунад".

Дастрасӣ ба иттилоъ ва назорати корбарони шабакаи интернет аз масъалаҳоест, ки дар гузашта борҳо мавриди интиқоди коршиносони мустақилу бархе созмонҳои хориҷӣ шудааст. Суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон на фақат аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ, балки аз ҷониби истифодабарандагон ҳам зиёд интиқод мешавад.

https://www.ozodi.org/a/%D1%81%D0%B0%D0%B1%D1%82%D0%B8-imei-%D1%82%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D1%84%D0%BE%D0%BD%D2%B3%D0%BE%D0%B8-%D0%BC%D0%BE%D0%B1%D0%B8%D0%BB%D3%A3-%D0%B4%D0%B0%D1%80-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD/30545784.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима