Парвандаи Далер Шарифов дар Додгоҳи Шоҳмансур муҳокима мешавад
Парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори мустақили тоҷикро барои муҳокима ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристодаанд. Вай аз моҳи январ боз дар боздоштгоҳ аст. Интизор меравад, рӯзҳои наздик мурофиа шуруъ шавад, аммо то ҳол санаи дақиқи он маълум нест.
Шарифов расман ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ муттаҳам аст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Наздикон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ин иттиҳомро беасос медонанд ва озодии ҳарчи зуди ӯро талаб доранд.
Вакилони мудофеи Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки аз ҳаққи Далер Шарифов ҳимоят мекунанд, 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парвандаи рӯзноманигор рӯзи ҷумъа ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол шудааст.
Таҳқиқи қазияи хабарнигор охири моҳи марти имсол аз сӯи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба анҷом расид. Баъдан онро барои баррасӣ ба додситонӣ фиристоданд.
Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷикро рӯзи 28-уми январи имсол дастгир карданд.
Баъди ду рӯзи он Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри
баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақола"-е нашр кардааст, ки ба қавли додситонӣ "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ
равона шудаанд".
Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронӣ карда, борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кардаанд.
Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак аз мақомот хостанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва ӯ шиканҷа намешавад.
Ин созмонҳо ҳукуматро тайи чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешону матбуоти мустақил пайваста танқид кардаанд.
Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи инсон ва дастрасии мардум ба озодии баён бадтар шуда, мухолифон саркӯб гардиданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт. Мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад кардаанд.
https://www.ozodi.org/a/%D0%BF%D0%B0%D1%80%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%B4%D0%B0%D0%BB%D0%B5%D1%80-%D1%88%D0%B0%D1%80%D0%B8%D1%84%D0%BE%D0%B2%D1%80%D0%BE-%D0%B1%D0%B0-%D0%B4%D0%BE%D0%B4%D0%B3%D0%BE%D2%B3-%D1%84%D0%B8%D1%80%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D0%BD%D0%B4/30530474.html
DPF
06.04.2020 13:56
120
Хабарҳо