Хонаи Озодӣ аз таназзули демократия ва ҳукумати хонаводагӣ дар Тоҷикистон гуфт
     TJ RU EN
08:30 / 2024-11-16

Хонаи Озодӣ аз таназзули демократия ва ҳукумати хонаводагӣ дар Тоҷикистон гуфт

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз "шикасти такондиҳандаи демократия" дар Аврупои Марказӣ ва Балкану Авруосиё ҳушдор дод ва ҳам гуфт, ки вазъ дар Тоҷикистон беҳтар нашудааст.

Дар гузориши созмони Хонаи Озодӣ (Freedom House) ки рӯзи 6-уми май нашр шуд, омадааст: "Теъдоди афзояндаи раҳбарон дар Аврупои марказӣ ва шарқӣ, дигар ҳатто вонамуд ҳам намекунанд, ки бо меъёрҳои демократӣ раҳбарӣ доранд. Онҳо ошкоро ба ниҳодҳои демократӣ ҳамла мекунанд ва саъй доранд, ки озодиҳои фардиро маҳдуд созанд."

Дар гузориши солонаи Хонаи Озодӣ доир ба ҳуқуқи инсон ва демократия омадааст, мумкин аст, ҳамла ба аркони демократия бо идомаи пандемияи коронавирус суръат бигирад. Вале Майкл Абрамовитз, мудири созмон гуфтааст, бӯҳрони сиҳатӣ метавонад, "нуқтаи сироят" бошад, ки баъд аз он ҳама чиз бадтар шавад ва ё демократия ҷони тоза бигирад.

Хонаи Озодӣ гуфтааст, вазъ дар 29 кишвари демократӣ, ки дар гузориш арзёбӣ шудаанд, то ба поинтарин сатҳ расидааст.

Дар минтақа вазъи демократия дар 16 соли ахир пайиҳам таназзул ёфтааст. Дар гузориш омадааст, уфти ислоҳоти демократӣ дар кишварҳои минтақа аз ҳисоби дасткории низомҳои интихоботӣ шудааст, ки ба ҳукуматҳо бартариҳои беш аз ҳад медиҳад.

Дигар ин ки порлумонҳои таҳримшуда аз тарафи мухолифон ва бадномсозии матбуоти мустақил ва ҷомеаи маданӣ ба таназзули рукнҳои демократӣ мусоидат кардаанд.

Дар гузориш омадааст, ки низомҳои додгоҳӣ ва волоияти қонун ҳам ҳадафи ҳукуматҳо қарор гирифтаанд ва ҳукуматҳо дар додгоҳҳо афроди содиқи худро монда, бо қабули қонунҳое истиқлоли онҳоро маҳдуд кардаанд. Дар кишварҳои зиёде таназзули мустақилияти додгоҳиро мушоҳида кардаанд ва вазъ дар Чехия, Гурҷистон, Латвия, Черногория ва Лаҳистону Словакия бад шудааст.

Хонаи Озодӣ Лаҳистонро аз сафи кишварҳои бо демократияи қавӣ ба сафи кишварҳои нимадемократӣ ворид кардааст.

"Ҳатто вонамуд намекунанд, ки демократия доранд"

Маҷористон, Сербистон ва Черногория аз сафи кишварҳои демократӣ комилан хориҷ карда шудаанд ва ҳоло ба таъбири Хонаи Озодӣ кишварҳои дар ҳоли гузор ва режимҳои махлут ба ҳисоб мераванд. Хонаи Озодӣ, ки 25 сол аст, гузориш бо номи Nations In Transit-ро нашр мекунад, бори аввал аст, ки ба Маҷористон, як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо баҳои бисёр пасте додааст.

Ба қавли муаллифони гузориш, нахуствазири он Виктор Орбан ҳатто вонамуд намекунад, ба аркони демократӣ эҳтиром мегузорад.

Дар гузориш Русия ҳамчун кишвари худкома номбар шудааст. Дар он омадааст, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин бо пешниҳоди ислоҳи Қонуни асосӣ, ба худ имкон дод, ки бештар аз ду давра ҳам раиси ҷумҳур бошад ва бо ин кор “хор шудани волоияти қонун ва усулҳои бунёдии ҳукумати конститутсионро нишон дод.”

Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи ҳукумати хонаводагӣ

Дар гузориш омадааст, ки дар Тоҷикистон чун дар Озарбойҷон ва Туркманистон, президентҳо хешовандони худро дар мақомҳои баландтар таъйин карда, заминаро барои гузор ба ҳукумати хонаводагӣ ва ё сулола гузоштаанд.

Дар гузориш омадааст: “Баҳсҳо доир ба гузор ба ҳукумати хонаводагӣ дар Тоҷикистон солҳо боз идома дошт ва дар остонаи интихоботи президентии соли 2020 зиёдтар шуд. Рустами Эмомалӣ писари 32-cолаи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки чанд мақоми ҳукуматиро дошт, ба мақоми шаҳрдор расид, ки зинае барои қадам гузоштан ба мақоми раиси ҷумҳур аст. Имкони президент шудани Рустами Эмомалӣ дар соли 2018 баъди он зиёдтар шуд, ки порлумон синни довталаби номзад ба мақоми президентро аз 35 то ба 30 поин овард.”

Дар воқеъ моҳи гузашта Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб шуд, ки мақоми дувум дар кишвар ба ҳисоб меравад. Бар асоси қонун, дар сурате, ки раиси ҷумҳур салоҳиятҳояшро иҷро карда натавонад, мудирияти кишвар ба дасти раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад.

Тоҷикистон дар гузориш дар сафи кишварҳои худкома қарор дорад ва дар он гуфтаанд, ки соли гузашта вазъи кишвар аз назари эҳтиром ба аркони демократӣ бадтар шуд. Мақомот ҳар дафъа гузориши созмонҳои байналмилалиро якҷониба хондаанд.

https://www.ozodi.org/a/%D1%85%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B8-%D0%BE%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D3%A3-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B0%D0%B7%D0%B7%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%B4%D0%B5%D0%BC%D0%BE%D0%BA%D1%80%D0%B0%D1%82%D0%B8%D1%8F-%D0%B2%D0%B0-%D2%B3%D1%83%D0%BA%D1%83%D0%BC%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D1%85%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%BE%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D3%A3-%D0%B3%D1%83%D1%84%D1%82/30595947.html


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима