Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО даъват кард
     TJ RU EN
09:05 / 2024-11-16

Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО даъват кард

Иттиҳод бар ин назар аст, ки иттилооти саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад.

“Дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафорати Олмон ва сафорати Фаронса дар Тоҷикистон нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷикро таъкид намуда, ба онҳо барои саъю талош ва фидокорӣ дар хидмат ба ҷомеа изҳори сипос мекунанд”, - қайд мешавад дар Изҳороти маҳаллии Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳангоми иҷрои чунин вазифаҳои муҳим барои ҷомеа, рӯзноманигорони мустақил набояд зери фишори таҳдид ва уҳдадории созиш бо виҷдони касбию меъёрҳои худ қарор бигиранд.

“Дар замони номуайянӣ дастрасӣ ба иттилооти дақиқ ва саҳеҳ муҳим аст. Пандемияи ҷаҳонии Covid-19 бори дигар исбот кард, ки иттилооти саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад”, - омадааст дар изҳорот.

Дар он таъкид мешавад, ки “шукуфоии дарозмуддат, амният ва суботи Тоҷикистон, инчунин устувории ҷомеаи он риояи пурраи уҳдадорӣ оид ба ҳифзи озодии баён, сохтори пурҳаракату гуногуни васоити ахбори омма ва риояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба кор бидуни сензура ё тарси интиқомро тақозо мекунад”.

Дар ин росто Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки уҳдадориҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро, ки дар Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, пурра иҷро намояд ва риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО-ро бе маҳдудият ҳам дар режими онлайн ва ҳам оффлайн таъмин кунад.

“Ғайр аз ин, - зикр шудааст дар изҳорот, - ҳангоми иҷрои чунин вазифаҳои муҳим барои ҷомеа, рӯзноманигорони мустақил набояд зери фишори таҳдид ва уҳдадории созиш намудан бо виҷдони касбӣ ва меъёрҳои худ қарор бигиранд, то ки вазъи кории худ, воситаи ахбори умум, ки дар он кор мекунанд, сабти ном (аккредитасия) ва амнияти шахсии худро зери хатар нагузоранд”.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо итминони комил доранд, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва истифодаи бемамониати захираҳои расонаӣ на танҳо барои озодии ВАО дар Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисодии кишвар низ муҳим мебошанд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20200506/ittiodi-avrupo-ukumati-toikistonro-ba-rioyai-ozodii-mutlai-bayon-va-ozodii-vao-davat-kard


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима