Ҷейми Флай талошҳои фишор ба Радиои Озодиро танқид кард
Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ибрози ноумедӣ кардааст. Ин паёми Ҷеймӣ Флай дар посух ба номаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 25 марти соли равон фиристода шудааст. Сироҷиддини Муҳриддин дар он нома аз раҳбари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хоста буд, ки кормандони ин расона ба қонунҳои Тоҷикистон арҷ гузоранд ва "маълумотеро паҳн кунанд, ки бар пояи фактҳои воқеӣ буда, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмии миёни шаҳрвандони кишвар" мусоадат кунад.
Дар посух Ҷеймӣ Флай менависад: "Имрӯзҳо, ки хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ барои бозтоби дунёгир шудани вируси корона сабқат меҷӯянд ва холигоҳи иттилоотиро пур мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон монеи талоши онҳо мешавад ва ҳатто парвонаи кори хабарнигориро аз онҳо дареғ медорад". Ин шикоятест, ки Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ матраҳ кардааст.
Ӯ рӯзи 30-юми март
дар номае ба Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумат барои дахолат дар фаъолияти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ изҳори ноумедӣ кардааст.
Ба гуфтаи вай, ин кӯшишҳо дар "замоне ҳассос" ва дар ҳоле сурат мегирад, ки теъдоди корбарони Радиои Озодӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ин амр нишон медиҳад, ки мардум ҳоло "беш аз ҳар вақти дигаре ба дарёфти хабару гузоришҳои он ниёз доранд".
Радиои Озодӣ дар иттилоърасонӣ ба мардуми Тоҷикистон нақши муҳим дорад – кишвари фақире, ки бо Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст ва вокуниши сусте ба дунёгир шудани вируси корона доштааст. То ҷое ки параду роҳпаймоиҳои умумиро дар Наврӯзи гузашта иҷоза дод ва бозорҳояш ба рӯйи мардум кушода аст.
Муфассал:
https://www.ozodi.org/a/30521650.html?fbclid=IwAR37GSAqoQD6ZzqX4WS60W-gqA7LxgB8VS3VRz29tGJy-QyinOmvatO1kYA
DPF
01.04.2020 19:36
118
Хабарҳо