Муносибат ба дархостҳо бехбудӣ металабад
     TJ RU EN
06:16 / 2024-11-16

Муносибат ба дархостҳо бехбудӣ металабад

Прокуратураи генералӣ  ба дархости иттилоот дар бораи натиҷаҳо дар самти татбиқи Стратегияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар амал, бо даргузашти беш аз 20 рӯз посух надодааст. Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар такя ба моддаи 30 Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 5,6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, моддаҳои 23 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ ба як қатор вазорату корхонаҳои давлатӣ барои дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ, ки барои истифода ва интишор дар матбуот зарур аст, дархост фиристод. Тибқи муқаррароти қонун ба дархости журналистӣ  бояд дар муддати 3 рӯзи корӣ посух дода шавад. Дар сурати имконнопазир будани посух ба дархост, мақомот бояд дар бораи ба таъхир гузоштани он ба дархосткунанда хабарнома фиристад. 26 феврали соли ҷорӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ дархост барои пешниҳоди Феҳристи пурраи сомонаҳои мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд. Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷавоб ба дархости АМВАОМТ санаи 10.03.2020 навиштааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангсози феҳристи сомонаҳои мамнуъшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб нарафта, пешниҳоди чунин руйхатро ғайриимкон мешуморад. Ҳамчунин пешниҳод намудааст, вобаста ба ин масъала ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олӣ муроҷиат карда шавад. Айнан бо ҳамин мазмун 12.03.2020 ба Суди Олӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шуд, аммо бо гузашти 10 рӯз аз ҷониби ин ниҳодҳо ба дархостьи мазкур чавоб гардонида нашудааст. 26 феврал инчунин ба Вазорати адлия ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар муҳимияти мавзуи муковимат алайҳи экстремизм ва терроризм дар мавриди феҳристи адабиёти мамнуи хусусияти экстремистию террористӣ дошта ва адабиёти мамнуи динӣ дархост равон карда шудаст. Вазорати адлия дар ҷавоб ба дархсоти АМВАОМТ санаи 02.03.2020. навиштааст, ки дар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ феҳристи адабиёти мамнуи хусусияти экстремистию террористидошта муайян карда нашудааст. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ навиштааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  ниҳодҳои гуногун ташхиси диншиносӣ гузаронида шуда, ҳар як ҳолат ба таври инфиродӣ мавриди ташхис қарор дода мешавад ва то ин давра чунин як феҳристи мушаххаси адабиёти мамнуъ вуҷуд надорад. 13 март аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-2019 якчанд суол дархостирсол шуд. Дар муддати 7 рӯз аз ҷониби ниҳоди мазкур ба суолҳои дархостшуда ҷавоб гардонида шудааст. Инчунин ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба сармоягузории хориҷӣ ба сохтмони НБО-и Роғун дархост равон карда шуда, дар муддати 3 рӯз ниҳоди мазкур ҷавоби худро ирсол намудааст. Дар маҷмуъ дар моҳҳои феврал-марти соли ҷорӣ ба 11 вазорату корхонаҳои давлатӣ барои гирифтани маълумотҳои зарурӣ аз ҷониби АМВАОМТ дархост ирсол шуда, Прокуратураи генералӣ оид ба натиҷаҳо дар самти татбики Стратегияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Суди Олӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди феҳристи пурраи сомонаҳои мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия оид ба сармоягузории хориҷӣ барои сохтмони НБО-и Роғун, Вазорати фарҳанг дар масъалаи миқдори нашрияву маҷалла ва оҷонсиҳои иттилоотӣ дар кишвар то ҳол ҷавоб нагардонидаанд.      

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима