Парвандаи хабарнигори тоҷикро ба додситонӣ фиристоданд
Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқи парвандаи ҷиноии Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро ба поён расонда барои ошноӣ ва хулосаи ниҳоӣ ба Додситонии кулл фиристодаанд. Далер Шарифов ба барангехтани адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам мешавад, ки барои он то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева адвокатҳои Далер рӯзи 30-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муфаттишон парвандаро рӯзи 27-уми март ба додситонӣ фиристодаанд ва бар асоси муқаррарот, қазия баъди ошноии додситонҳо бо он ва хулосаи додситонӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристода мешавад.
Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷикро рӯзи 28-уми январ дастгир карданд. Ду рӯз баъд аз ин Додситонии кулл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақола"-е нашр кардааст, ки ба қавли додситонӣ "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ
равона шудаанд".
Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ки, ӯ ба ҳайси
журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, аммо "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".
Бахтиёр Шарифов, бародари Далер рӯзи 30-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 27-уми март ба дидорбинии Далер рафтан ва ӯ аз шароити нигаҳдорияш шикоят надошт, вале аз ҷузъиёти парвандааш хабар надоранд. Ӯ гуфт, айбномаи мақомот нисбати бародараш беасос аст.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии «Сафина» ва ҳафтаномаи мустақили «Озодагон» ва дигар нашрияҳои мустақил кор кардааст ва дар мусоҳибаву гуфтӯгу бо дигар расонаҳо ошкоро сиёсатҳои давлатро танқид мекард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён аз боздошти Далер Шарифов изҳори нигаронӣ карда ва аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро раҳо кунанд.
Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад. Ин созмонҳо ҳукуматро тайи чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешону матбуоти мустақил пайваста танқид кардаанд.
Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб вазъи ҳуқуқи инсон, мурооти ҳаққи мардум ба озодии баён бадтар шуд, мухолифонро саркӯб карданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт.
https://www.ozodi.org/a/%D0%BF%D0%B0%D1%80%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%BE%D1%80-%D0%B4%D0%B0%D0%BB%D0%B5%D1%80-%D1%88%D0%B0%D1%80%D0%B8%D1%84%D0%BE%D0%B2-%D0%B1%D0%B0-%D0%B4%D0%BE%D0%B4%D1%81%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%BD%D3%A3-%D1%80%D0%B0%D1%84%D1%82/30517669.html
DPF
31.03.2020 16:22
147
Хабарҳо