Озодии баён ва иттилоот дар давраи бӯҳрон
     TJ RU EN
09:50 / 2024-12-20

Озодии баён ва иттилоот дар давраи бӯҳрон

Пандемияи коронавирусе, ки дар ҳоли рушд аст (COVID-19) вазъияти фавқулоддаи тиббиро ба вуҷуд меорад. Дар ин замони нигаронии амиқи ҷомеа, барои давлатҳои узв эътироф кардани нақши ҳалкунандаи расонаҳои мустақил муҳим мебошад.

Ҳоло, беш аз пеш, мо ба журналистикаи боэътимод ниёз дорем, ки ба стандартҳои ахлоқи касбӣ такя намуда, иттилоотро ба ҷомеа мерасонад ва чораҳои андешидашударо муқобили таҳдиди ҷаҳонӣ ба риштаи таҳлил мекашад. Барои муқовимат ба овозаҳо ва маълумоте, ки метавонад ба воҳима оварда расонад, мо ба маълумоти дақиқ, аз ҷумла тадқиқоти амиқи рӯзноманигорони илмӣ ниёз дорем. Ташкили форумҳо барои муколама байни ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор дар ВАО метавонад ба ин метавонад мусоидат намояд.

Мувофиқи Дастури Шӯрои Аврупо оид ба ҳимояи озодии баён ва иттилоот дар давраи бӯҳрон, вазъияти бӯҳронӣ набояд ҳамчун баҳона барои маҳдуд кардани дастрасии аҳолӣ ба иттилоот истифода шавад. Давлатҳо инчунин набояд нисбати озодии ВАО ягон маҳдудият эҷод кунанд, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар моддаи 10 КАҲИ пешбинӣ шудааст.

Давлатҳои аъзо, дар якҷоягӣ бо ҳама тарафҳои манфиатдор, бояд кӯшиш кунанд, ки фазои мусоидро барои журналистикаи босифат мутобиқ бо стандартҳои дар Тавсияи дарпешистодаи Шӯрои Аврупо муқарраршуда таъмин намоянд. Дар чунин шароит, ба фароҳам овардани шароити муносиби кории рӯзноманигорон, аз ҷумла ҳимояи тиббӣ аз ҳама гуна хатарҳои марбут ба амалиёти коронавирус диққати махсус бояд дод.

Принсипҳои асосии демократияи аврупоӣ - озодии баён, мустақилияти ВАО ва муҳокимаи озод ба мо имконият медиҳад, ки мушкилоти ҷиддии кишварҳоямонро паси сар кунем.

https://www.coe.int/en/web/freedom-expression/-/freedom-of-expression-and-information-in-times-of-crisis


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима