Дастрасӣ ба иттилоот: онлайн-курси омӯзишӣ барои рӯзноманигорони тоҷик
     TJ RU EN
11:35 / 2024-11-29

Дастрасӣ ба иттилоот: онлайн-курси омӯзишӣ барои рӯзноманигорони тоҷик

Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Танзими тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон" дар якҷоягӣ бо шарикони худ онлайн-курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот» -ро таҳия менамояд.

Барои фарогирии ҳамаҷониба ва баҳо додан ба эҳтиёҷоти рӯзноманигорони тоҷик саволнома таҳия карда шудааст, ки онро дар суроғаи https://form.jotform.com/200754901122040 дастрас кардан мумкин аст.

Мо аз ҳамаи намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳамкасбони худ хоҳиш дорем, ки ҳарчи зудтар пурсишномаро пур кунанд. Якчанд дақиқаи худро дареғ надоред - ин саҳми шумо дар таҳия ва гузаронидани курси баландсифати онлайнӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот хоҳад буд.

Лоиҳаи "Танзими ба тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон" аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ дар якҷоягӣ бо шарикон - Томсон Медиа ва "Адвокати ту" амалӣ менамояд.


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима