Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Ҳуқуқ ба тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон" дар якҷоягӣ бо шарикон Thomson Media онлайн-курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот» -ро таҳия менамояд.
Барои фарогирии ҳамаҷониба ва муайяннамоии дацици эҳтиёҷоти рӯзноманигорони тоҷик саволнома таҳия карда шудааст, ки онро дар суроғаи https://form.jotform.com/200754901122040 дастрас кардан мумкин аст.
Мо аз ақаллияти намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳамкасбони худ хоҳиш дорем, ки ҳарчи зудтар пурсишномаро пур кунанд. Якчанд дақиқаи худро дареғ надоред - ин саҳми шумо дар таҳия ва гузаронидани курси баландсифати онлайнӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот хоҳад буд.
Лоиҳаи "Ҳуқуқ ба тавозун: таҳкими устуворӣ ва муҳимияти расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон" аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, АМВАОМТ дар якҷоягӣ бо шарикон - Томсон Медиа ва "Адвокати ту" амалӣ менамояд.