Дар шабакаи интернет навори видео аз мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов нашр шуд. Аён аст, ки он аз ҷониби ВАО-и давлатӣ наворбардорӣ шудааст, чунки рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқро ба мурофиа роҳ надоданд. Сабт имрӯз дар яке аз аккаунтҳои фейкӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook пайдо шуд.
ВИДЕО: Навор аз баровардани ҳукм нисбати рӯзноманигор
Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 16 апрел рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.